Шаҳрвандони Тоҷикистон 24,7%-и музди меҳнати худро ба пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ аз қабли истифодаи барқу об ва баровардани партов сарф мекунанд. Агар алоқаву интернет ва нақлиётро ҳам ба ҳисоб гирем, хароҷот боз якчанд фоизи дигар афзуда, метавонад нисфи пулҳои коркардаро дар давоми моҳ ташкил диҳад.
Пойгоҳи онлайнӣ дар бораи шароит ва сатҳи зиндагӣ дар ҷаҳон - Numbeo аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 маълумоташро нав кард. Мувофиқи ин маълумот, сокинони Тоҷикистон барои хидматрасониҳои коммуналӣ ба ҳисоби миёна 375,23 сомонӣ (33,2 доллар бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) пардохт мекунанд. Дар асл ин рақам дар байни 225-600 сомонӣ (20-53 доллар) чарх мезанад.
Ба хидматрасониҳои коммуналӣ пардохти маблағи истифодаи барқу об ва баровардани партовҳо дохил мешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, музди меҳнати миёнаи расмӣ ба 1520,6 сомонӣ (134,62 бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) баробар аст.
Ба ин тариқ, барои пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ сокинони Тоҷикистон қариб чоряк ҳиссаи маоши худ - 24,7%-ашро сарф мекунанд. Ин нишондиҳандаи баландтарини дар паҳнои пасошӯравӣ аст.
Дар Қирғизистон хароҷот ба хидматрасониҳои коммуналӣ 37,8 доллар (17% аз маоши миёна), Ӯзбекистон - 32 доллар (13%) ва Қазоқистон - 48,29 доллар (7,52%) аз маошро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар дигар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба хидматрасониҳои коммуналӣ аз 10 то 15%-и маош сарф мешавад.
Зимни таҳқиқот таҳлилгарон арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ (барқу гармидиҳӣ, таъминот бо об, баровардани партов) дар хонаи масоҳаташ 85 метри мураббаъ дар пойтахти кишварҳоро арзёбӣ кардаанд.
Қобили зикр аст, ки соли 1928 дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи пардохти пули манзил ҷорӣ шуд. Таърифаҳо солҳои тӯлонӣ тағйир наёфта, шаҳрвандон барои хидматрасониҳои коммуналӣ аз 5 то 10%-и маошашонро харҷ мекарданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста