Кори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки қаблан бар асари фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ боздошта шуда буд, бо реҷаи муқаррарӣ барқарор шуд ва ҳамаи хатсайрҳо тибқи ҷадвал иҷро карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

“Ҳамаи парвозҳо тибқи ҷадвале, ки дар лавҳа тариқи онлайн дар сомонаи фурудгоҳ ҷойгир аст иҷро карда мешаванд”, - зикр кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин - шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз ҷумла инҳо ҳавопаймоҳои ширкати UtAir бо хатсайри UT803 аз Маскав (Внуково) ба Душанбе, ҳавопаймои “Сомон Эйр” - аз фурудгоҳи “Домодедово” ва ҳавопаймои “Уральские  авиалинии” аз фурудгоҳи “Жуковский” буданд.

“Баъдан ҳамаи мусофирони ин ҳавопаймоҳо ба нуқтаи таъинот расонида шуданд”, - илова кард Ҳусейнова.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ намуд, ки рӯзҳои наздик - то охири ҳафта дар Тоҷикистон туман боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.