Ду муаалима аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки мақомоти умури дохилӣ онҳоро ба суханронӣ тариқи телевизиони маҳаллӣ маҷбур сохта, таҳдид намудаанд, ки нисбаташон парванда оғоз мекунанд. Дар ин замина онҳо ҳозир дар оилаҳо ва инчунин бо ҳамдиёрашон ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.

Бо мо омӯзгорони мактаби рақами 46-и деҳаи Шикуш Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова дар тамос шуданд.

Ба гуфтаи муаллимаҳо, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳоро ба Раёсати ВКД дар ВМКБ даъват намуда, маҷбур кардаанд, ки тариқи телевизиони маҳаллӣ суханронӣ карда, эътирозҳоро маҳкум созанд ва инчунин чанде аз одамонро ҷинояткор номбар кунанд.

“Моро ба он ҷо даъват карданд, то ки ба яке аз омӯзгоронамон хислатнома (характеристика) бидиҳем. Вақте он ҷо омадем, кормандони шуъбаи кор бо ноболиғон Майсара Азибекова ва шахсе бо номи Шоимардонов ба фишороварӣ нисбати мо пардохта, маҷбур карданд, ки матни онҳоро назди камера бихонем. Дар ин матн эътирозгарон ва чанде аз одамон ҷинояткор номбар мешаванд, лекин мо ин корро рад кардем. Сипас гуфтанд, ки нисбати мо парвандаи маъмурӣ боз мешавад ва мо доғи судӣ хоҳем дошт, инчуин маошамон ҳам метавонад кам шавад... Фишор хеле зиёд буд. Мо маҷбур будем, ки розӣ шавем, зеро мехостем, ки ҳарчи худтар аз он ҷо биравем”, - гуфтанд омӯзгорзанон.

Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд онҳо танҳо он қисматеро хондаанд, ки дар он дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон сухан мерафт, бо вуҷуди ин, хешовандон ва ҳамдиёронашон онҳоро барои ин амалашон маҳкум мекунанд.

Омӯзгорон изҳор доштанд, ки сабаб дар он аст, ки аҳолӣ дигар ба телевизиони маҳаллии “Бадахшон” эътимод надорад, “зеро тариқи он бадному сиёҳкунии аҳолӣ сурат мегирад”.

“Ман худам ба ин телевизион бовар надорам. Пештар Майсара Азизбекова ба деҳаи мо омада,  ба ӯ гуфта будем, ки ҳамаро ҷинояткор номиданро бас кунанд. Тӯтишо Амришоеви дар ҷараёни эътироз кушташуда шогирди мо  ва ҷавони хеле хуб буд. Дар артиш хидмат карда, дар Хуҷанд таҳсил кард, сипас ба мактаби олии Хоруғ қабул шуда, ба варзиш машғул мешуд. Ӯро ҷинояткор меноманд, лекин ин тавр нест”, - мегӯяд Наргис Қарачабекова.

Ба гуфтаи занон, акнун суханронии оно чандин маротиба дар як рӯз тариқи телевизион пахш мешавад. Онҳо ба ҳамаи мақомоти дахлдор, аз ҷумла бевосита ба худи телевизион, РВКД, КДАМ, мақомоти маҳаллии ҳокимият муроҷиат кардаанд, то ки суханронияшон дигар намоиш дода нашавад, лекин то ҳол касе ба онҳо посух нагуфтааст ва пас аз ин онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба ВАО-и мустақил муроҷиат намоянд.

“Мо ба маълумоти мардум расониданием, ки ин ташаббуси шахсии мо набуд”, - зикр мекунанд занон.

Мо талош варзидем, ки дар мавриди ин масъала аз Раёсати ВКД дар ВМКБ шарҳ бигирем. Сардори ин Раёсат Рустам Мирзомуродзода пас аз фаҳмидани он, ки рӯзноманигори “Азия-Плюс” бо кадом масъала занг задааст, гӯширо ба ҷояш гузошта, ба зангҳои баъдӣ дигар посух надод.

Дар маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ низ ба зангҳои мо касе ҷавоб намедиҳад.

Пас аз воқеъаҳои моҳи ноябр дар Хоруғ, телевизиони маҳаллии “Бадахшон” филмеро бо номи “Неруи қонун” намоиш дод, ки дар он сокини ҳангоми боздошт кушташудаи деҳаи Тавдем Гулбиддин Зиёбеков бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани низоъ ҷинояткор эълон шуд. Ҳамчунин дар филм зикр гардид, ки эътирозҳо дар Хоруғ аз ҷониби гуруҳҳои ҷиноятпеша ташкил карда шуданд.

Пас аз ин дар шабакаи маҳаллӣ гузоришҳое пахш мешуданд, ки дар он низ сокинон эътирозҳоро маҳкум намуда, чунин ибрози ақида мекарданд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша вазъи вилоятро ноором мекунанд.

Намояндагони гурӯҳи 44, ки аз ҷониби эътирозгарон барои ҳамкории муштарак бо ҳокимияти маҳаллӣ ва сохторҳои қудратӣ бо мақсади ба субот овардани вазъият интихоб шуда буд, чандин маротиба хабар дод, ки ин корҳо маҷбуран амалӣ мешаванд, аз ҷумла аз ҷониби КДАМ, ки телевизиони маҳаллиро пурра зери назорати худ гирифтааст.

Охири моҳи декабр Гуруҳи 44 аз шабакаи телевизиони маҳаллӣ 30 дақиқа вақт барои суханронӣ дархост намуд. Бо ин дархост онҳо инчнуин ба и.в. раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумат Нуриддин Саид ва роҳбари Раёсати телевизиону радиои ВМКБ М.Шодӣ низ муроҷиат карданд.

Дархости онҳо дар бораи 30 дақиқа вақт додан барои суханронӣ дар телевизиони маҳаллӣ қонеъ нашуд.

Ҷанги иттилоотӣ дар вилоят дар пасманзари комилан дастнорас будани алоқаи интернет аз 25 ноябри соли 2021 ҷараён дорад. Мақомот инро чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ҳошияи вазъи шиддатнок дар вилоят, гуруҳҳои ҷудогона дар Аврупо аз ин вазъ метавонанд истифода баранд ва аҳолии вилоятро ба низоъҳои нав таҳрик бидиҳанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.