Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо роҳи Душанбе-Чаноқ имрӯз, соати 12:00 барқарор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.
“Аз соати 3-и шаб барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароиҳо ва тозакунии роҳ, инчунинкоркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он боздошта шуд”, - изҳор дошт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон низ корҳои зикршуда идома дошта, пас аз анҷоми он тахминан соатҳои 11 ё 12-и рӯз ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 19 январ бар асари боришоти зиёди барф ҳаракат дар роҳ тибқи ҷадвал ба роҳ монда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




