Шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ барои ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт боз аст, хабар медиҳад филиали ширкати IRS дар саҳифааш дар Facebook.

Аз 20 январ ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ аз ҳар ду самт барқарор шуда, лекин танҳо барои мошинҳои сабукрав боз буд.

Аз ширкати IRS хабар медиҳанд, ки айни замон ҳолати роҳ хуб буда, ронандагон метавонанд аз ҳар ду самт бе монеъа бо мошинҳои худ ҳаракат кунанд.

“Пештар мо ҳаракатро аз самти Душанбе ба Хуҷанд иҷоза додем, то ки шумори хеле зиёди мошинҳо кам шаванд, акнун бошад, роҳ ба ҳар ду самт боз аст, - гуфтанд дар ширкат. - Сохторҳои дахлдор ҳамаҷониба кӯшиш доранд, ки ҳамин рӯз барои автомашинаҳои боркаши ядакдор (притсепдор) низ иҷозаи ҳаракат шавад”.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба боришоти зиёди барф ва бо мақсади пешгирии тармафароиҳо ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш, дар мувофиқа бо БДА, ВКД ва КҲФ роҳ баста шуда, 19 январ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тибқи ҷадвал иҷоза дода шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.