Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Тоҷикистониён бошанд, мисли пешин иҷозаи Ситоди ҷумҳуриявиро барои адои маросими ҳаҷҷми умра интизоранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дини ҷумҳурӣ. Сабаби ба таъхир афтодани иҷозаи Ситод ба Кумита маълум нест.

“Мисли пешин то ҳол иҷозаи Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирусро интизорем. Бо Арабистони Саудӣ ҳеҷ мушкиле надорем ва онҳо зойирини тоҷикро қабул мекунанд. Ба ҳаҷҷ фиристодани шаҳрвандон аз ҷониби ҳамин ситод боздошт шуда, ба барқарор шуданаш ҳам ситод иҷоза медиҳад”, - гуфт Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки то зуҳури коронавирус бо корҳои фиристодани зойирин ба Арабистони Саудӣ ду ширкат: “Расул сохтмон” ва ҶДММ “Ормон” машғул буданд.

“Айни замон муҳлати созишномаҳо бо ширкатҳо ба охир расида, онҳо тамдид нашудаанд. Танҳо пас аз иҷозаи Ситод Кумита масъалаи дароз кардани муҳлати созишномаҳоро баррасӣ мекунад. Шояд худи Кумита ба корҳои фиристодани зойирин машғул шавад”, - иброз дошт сухангӯи Кумита.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза даҳҳо шаҳрвандони хоҳишманди адои маросими ҳаҷҷи умра ба Кумита муроҷиат мекунанд.

“Азия-Плюс” талош варзид, ки барои рӯшанӣ андохтан ба сабабҳои таъхири иҷоза бо Ситоди ҷумҳуриявӣ дар тамос шавад. Лекин ин ситод на хадамоти матбуот дораду на намояндаи расмӣ барои робита бо рӯзноманигорон.

ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки 22 январ 239 шаҳрванди ин кишвар ба адои маросими ҳаҷҷи умра раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, зойиринро имомони маъруф ва мутахассисон, инчунин табибон ҳамроҳӣ мекунанд.

“Пеш аз сафар ҳамаи зойирин ПСР-тест супорида, бо гувоҳномаҳои байнулмилалии ваксин гирифтан таъмин шуданд. Парвозҳои навбатӣ рӯзҳои 25 ва 28-уми январ пешбинӣ шудааст. Боз 478 зойирин ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд”, - менависад Centralasia.media.

Қобили зикр аст, ки Арабистони Саудӣ ба адои маросими ҳаҷҷи умра ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо ваксинаҳои аз ҷониби ҳукумати шоҳигарӣ маъқулдониста ваксин гирифтаанд, иҷоза дод.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваксинаҳои Pfizer, AstraZeneca ва Moderna ваксин зада шуаанд, метавонанд ба макони муқддаси ислом - Макка ва Мадина ҷиҳати адои маросими ҳаҷҷ сафар кунанд. Тибқи маълумоти РБК, аз 1 январи соли 2022 мақомоти Арабистони Саудӣ ба шахсоне, ки бо ваксинаи «Спутник V»-и Русия эм гирифтаанд, низ вуруд ба ин кишварро иҷоза дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.