Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишварро имсол 120 адад зиёд кардааст. Дар ин бора Иван Иванов, раиси намояндагии "Россотрудничество" ба хабаргузори ТАСС хабар дода гуфтааст, шумораи квота барои таҳсили тоҷикон дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023 афзоиш ёфт.
Манбаъ гуфтааст, шумори квота ё худ ҷойи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои Тоҷикистон ба ин тартиб то ба 750 адад баробар шуд, ки соли гузашта 630 ҷойи таҳсил буд.
Иван Иванов дар мавриди квтотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик гуфтааст, “афзоиши ҷиддӣ мушоҳида мешавад”.
Бино ба гуфти раиси намояндагии "Россотрудничество" дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон, ки дар назар аст ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумори квотаҳо матраҳ мешавад.
«Тоҷикистон аз рӯи анъана дар қатори панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон (аз рӯи миқдори квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия) ҷой гирифта, дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад», - гуфтааст Иван Иванов
Маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар асоси фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Манбаъ мегӯяд, ҳоло дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста