Муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳияи Вахш Қурбон Бсуфов ба аёдати оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида рафтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Раёсати муҳоҷирати вилояти Хатлон хабар доданд.

Онҳо оилаи Файзиддиновҳоро дар деҳаи Наврафторони ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш аёдат карданд, ки дар фоҷеаи Волгоград се узви оиларо аз даст доданд: Қобилҷони 21-сола, Қосимҷони 20-сола ва Нуриддини 37-сола.

Ҳамчунин онҳо ба хонаводаи Кабутовҳо дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш рафтанд, ки писари 21-солаашон Саидакрам дар ин фоҷеа ҳалок шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон

Абдуғаффор Раҳмонзода ва Акрам Сулаймонзода ба ин оилаҳо аз номи ҳукумат изҳори тасаллият намуда, ба онҳо кумаки моддӣ низ расонида шуд.

Рӯзҳои наздик раҳбарияти Раёсати муҳоҷирати вилоят ҳамроҳи раисони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ ба аёдати оилаҳои боз ду муҳоҷири фавтида дар Волгоград - Идибек Саломови 30-сола ва Раҳмоналӣ Муҳаммадҷони 22-сола низ мераванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷасадҳои шаш муҳоҷири аз бӯйи газ дар Волгоради Русия фавтида 30 январ ба ватан оварда шуда, ҳамон рӯз ба хок супурда шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.