Дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирон, эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти пулис 66 қонуншикани эҳтимолиро боздошт намуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки то ҳол тасдиқ нашудааст, ки дар ин занозании гурӯҳӣ шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд ё на.

“Сафорат ҷиҳати тасдиқи шахсияти ин шаҳрвандон ба мақомоти дахдори Русия муроҷиат кард. Агар тасдиқ шавад, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, сабаб ва омилҳои ин муноқишаро ошкор намуда, сипас ба ВАО дар ин бора хабар медиҳем”, - изҳор доштанд дар сафорат.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ шоми рӯзи шанбе дар минатқаи ҷануби Маскав рух додааст.

“Дар гузаргоҳи Востряково ҷанҷоли гурӯҳӣ рух дод, шояд бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо истифода аз силоҳи зарбазан. Бевосита дар занозанӣ ҳудуди 15 нафар иштирок карда, 66 нафари гумонбар ба иштирок дар ҷанҷол ба шуъбаи пулис оварда шуанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав хабар додаанд, ки кормандони пулиси фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз авҷгирии занозанӣ пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки муноқиша дар заминаи хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайваста, боздоштшудагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Дар парвандаи ҷиноятӣ се нафар ба авбошӣ гумонбар дониста мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.