Рӯзи 2-юми феврал Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд аз олам даргузашт.

Баҳром муддати зиёда аз як моҳ дар беморхонаи шаҳри Бӯстони вилоят бистарӣ ва ду бор ҷарроҳӣ шуд, лекин беморӣ ӯро аз олам рабуд.

Баҳром Файзуллоев рӯзномагори соҳибтаҷриба ва коршиносу мушовир оид ба масоили сарҳадӣ, дӯсти содиқу ҳидоятгари ғамхор буд.

Рӯзи 31-умиянвар ӯ ба синни 60-солагӣ расида буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва аҳли ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!