Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2021 аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 124 млн 507 ҳазору 732 сомонӣ грант гирифтаанд, ки 33 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.
Дар нишасти матбуотии рӯзи 2 феврал дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар бораи гирифтани грант ва кумак аз созмонҳои хориҷӣ аз ҷониби 2 ҳазору 556 созмонҳои ҷамъиятӣ (соли 2020 - 2 ҳазору 204 созмон) ба Вазорати адлия огоҳинома расид.
Тибқи маълумоти Вазорати адлия, давоми сол фаъолияти оинномавии 115 иттиҳодияи ҷамъиятӣ (соли 2020 - 75 иттиҳодия) санҷида шуд.
Зикр шуд, ки соли гузашта 1 ҳазору 148 иттиҳодияи ҷамъиятӣ (соли 2020 - 1505 иттиҳодия) ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ ба Вазорат ҳисобот пешниҳод намудаанд.
Соли 2021 бо сабаби мутобиқат надоштани ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон сабти 105 созмони ҷамъиятӣ (соли 2020 - 111 созмон) рад карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста