Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ду бинои маъруф ба хонаи адибону фарҳангиёни тоҷик дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 12 ва биноҳои гирду атрофи он тахриб мешаванд ва ин масъала ниҳоӣ шудааст.

Раиси Кумита гуфт, ки дар ҷойи ин биноҳо дар идома, бунёди иншоот дар доираи маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш, як гурӯҳ бошандагони бинои хонаи адибон аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шарҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ин биноҳо ҳифз шавад, зеро онҳо арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ду бинои хонаи адибон бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик ва ё пайвандони онҳо иқомат доранд ва онҳо аз шеваи тахриби бино норозиянд.

Маҳмадсаид Зувайдзода гуфт, дар ҷойи биноҳо бунёди роҳ, гулгашту фаввораҳо ва инчунин, биноҳои баландошёна дар назар дошта шудаанд, ки марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Раиси Кумитаи меъморӣ таъкид намуд, ки соҳибони хонаҳои биноҳои тахрибшаванда мувофиқи хоҳишашон метавонанд маблағ ё манзили нав гиранд.

Ӯ афзуд, ки аллакай биноҳои ҷадид дар минтақаи Зарафшон бунёд гардидаанд, ки хоҳишмандон метавонанд онро соҳиб шаванд.

Бошандагон: “Мавқеаш ба ҳусни шаҳр мувофиқ аст”


Дар ҳамин ҳол, 22 январи соли 2022 як гурӯҳ бошандагони ду бинои хонаи адибон ва фарҳангиёни тоҷик аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шарҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ин биноҳо ҳифз шавад, зеро онҳо арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.

Фарангис Муллоҷонова, духтари Масъуд Муллоҷонов, сардабири пешини маҷаллаи "Помир"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва яке аз бошандагони ин биноҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо бо мақсади вохӯрӣ ва талаби ҳифзи биноҳо ба қабули шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рафтанд, вале онҳоро на худи шаҳрдор, балки муовини акнун собиқи ӯ Амрихон Қурбонзода қабул ва бо онҳо суҳбат кард.

Онҳо ба Амирхон Қурбонзода гуфтаанд, ки биноҳои мазкурро  метавон ба нақшаи замонавӣ ё генералии шаҳр мутобиқ намуд ва ҳоҷат ба тахриби он нест.

- Истиқоматкунандагон оиди тахриб накардани хонаҳои худ, ки дар ҳолати хуб ва тармиму таъмиршуда қарор доранд, андеша ронданд. Онҳо ба муовини акнун собиқи раиси шаҳри Душанбе гуфтанд, ки биноҳои мазкурро  метавон ба нақшаи замонавии шаҳр   мутобиқ ва мувофиқ намуд, - гуфт Муллоҷонова.

Номбурда афзуд, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин, аз арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ доштани биноҳо ва зиндагиву фаъолият кардани шахсони намоён ва саршиноси тоҷик, аз қабили шоиру  нависандагон, ходимони  барҷастаи давлатӣ, аҳли фарҳанг ва ҳунар, ик ба гуфтаи ӯ, ҳар яки онҳо баҳри рушд Тоҷикистон саҳм доранд, ёдоварӣ шуд.

Дар вохӯрӣ сокинон изҳори умедворӣ кардаанд, ки таклифу пешниҳодҳои онҳо баррасӣ шуда, тасмими тахриби биноҳо бознигарӣ мешавад.

Вале имрӯз, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтимон бознигарии тахриби хонаи адибон ва дигар хонаҳои гирду атрофи онро рад карда, гуфт, аллакай қарорҳо тасвиб ва ба сокинони биноҳо огоҳӣ дода шудааст.

“Фикри моро ҳам ба назар гиред”


Ҳамчунин, сокинони ин биноҳо ба унвонии Рустами Эмомалӣ бо мактуби кушод, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” ҳам расид, муроҷиат карда, гуфтаанд, ки агар ин биноҳо ҳифз шаванд ба ҳусни шаҳр халал ворид намекунад ва биноҳои баландошёнаи замонавие, ки шаҳрдорӣ мехоҳад дар ҷойи онҳо бино кунад, дар пасу пеш ва атрофи ин биноҳо сохтан мумкин аст.

- Аз ин ҳусни шаҳр намекоҳад, балки бурд мекунад. Ба он хотир, ки дар чанде аз шаҳрҳои кишварҳои дигар, ба мисли Маскав ва Кавказ, ин намуди биноҳоро ҳамчун биноҳоии таърихии шаҳр ва ҳусни он ҳамчун ҷойгоҳ нишон додаанд,-навиштаанд бошандагони ин боноҳо

Муроҷиаткунандагон гуфтаанд, агар ин биноҳоро тахриб кунанд, дар ҷашни 100 солагии Душанбе, ки соли 2024 баргузор мегардад таърихи шаҳр бо фарҳангаш коставу зарар мебинад.

Дар номаи сокинон, ки 38 хонавода имзо гузоштаанд, зикр шудааст, ки ин биноҳо байни мардум бо номи “Хонаи адибон” ва “хонаи Шӯрои вазирон” машҳур аст ва дар ин ду бино фарзандон, аҳли хонавода ва хешовандони шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ба мисли фарзандону набераҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ҳунарманди мардумӣ Марям Исоева, собиқ раисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, шоирон Сорбон, Салимшо Ҳалимшоҳ, Бозор Собир, забоншинос ва олим Муҳаммадҷон Шакурӣ ва чанде аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон ба мисли Иззатулло Ҳаёев Марҳабо Ҷабборӣ ва дигар чеҳраҳои саршинос зиндагӣ мекунанд.

- Зиндагӣ ва меросдории онҳоро дар донишгоҳҳо ва дабистонҳо меомузанду аз онҳо насли ҷавон ибрат мегиранд. Аз рӯи анъана ҳар он чи ки ба зиндагии чунин шахсиятҳои таърихӣ вобаста аст, бояд нигоҳ дошта шавад. Дар ин ҷо қариб дар ҳар як хона китобхонаи шахсӣ вуҷуд дорад, ки натанҳо намунаҳои китобҳои нодир, балки архиву навиштаҷоту мактубҳои ин шахсиятҳои бузург нигоҳ дошта мешаванд,-гуфтаанд сокинони ин бино дар муроҷиатнома.

Онҳо аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳамаи ин китобу архив ба хонаҳои иҷоранишин наметавон бурд ва то ба ҳол намедонанд, ки  биноҳои нав ба ҷои ин биноҳо кай сохта мешаванд.

Ба таъкиди онҳо куч бастан, иҷора ёфтан, рӯз гузаронидани сокинон дар ин муддат душвор мешавад ва ниҳоят мероси фарҳангии онҳо аз даст меравад.

Онҳо даъво кардаанд, ки ба наздикӣ ин биноҳо бо харҷи садҳо сомонӣ таъмиру тармим шудааст ва акнун ин хама ба боди фано меравад, ки дар ин маврид вайрон кардани ин биноҳои ободу таърихӣ ҳеҷ суде нест.

Дар охир, онҳо аз масъулин хоҳиш кардаанд, ки зиндагиву ҳолати душвори сокинони барҷомондаро бадтар накунанд ва фикри мулоҳизаои онҳоро ҳам дар масъалаи тахриби биноҳо ба инобат гиранд.


Шаҳрдорӣ: Ба сокинон маблағ ва ё хона  пешниҳод мешавад

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як гурӯҳ аз равшанфикрон аз тахриби бинои манзили зисташон изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буданд, ик ҳукумат набояд арзиши таърихиву фарҳангии ин биноро сарфи назар кунад.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ин бинобар мувофиқ набудани ин биноҳо ба нақшаи генералӣ ё Генплани шаҳри Душанбе тахриб ва ба ҷойи он шаҳраки “Олимақом” бо тарҳи муосир сохта мешавад.

Аз шаҳрдории Душанбе гуфта буданд, ба сокинони биноҳо, ки бештарашон чеҳраҳои саршиноси кишвар мебошанд, дар ҷойи хонаҳояшон хонаҳои нав дода шавад.

Онҳо афзуда буданд, ки то анҷоми сохтмони бинои нав бошандагони бино аз ҷониби ширкат бо хонаҳои истиқоматии муваққатӣ таъмин мешаванд ва ё ба онҳо маблағ пешниҳод мешавад, ки дар ҷойи хостаашон хонаи иҷора бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.