Даҳҳо сокинону корафтодагон, дар ду се рӯзи ахир аз дер гирифтани шиносномаҳои хориҷияшон шикоят мекунанд, аммо Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ)-и ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин росто мушкиле нест ва кор ба тартиби пешин ҷараён дорад.
Бархе аз ин сокинон «Азия-Плюс» муроҷиат карда, мегӯянд, ки санадҳои лозимро барои дастрас намудани шиносномаи хориҷӣ ба дафтари марказии ХШБ супуридаанд, вале дар муҳлати муайншуда онро натавонистанд дарёфт кунанд.
Ин муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки бархе аз кормандони масъули ХШБ ба онҳо гуфтаанд, ки яке аз дастгоҳҳои чопи шиносномаҳо вайрон шудааст ва ба ҳамин далел онҳо шиносномаҳояшонро дертар дарёфт мекунанд.
Аммо Нуралӣ Сафарзода, як масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин суханҳо аоси воқеӣ надоранд ва мардум дар муҳлатҳои таъиншуда, шиносномаҳои худро гирифта истодаанд".
Вале Фаррух, яке аз муроҷиаткунандагон мегӯяд, ки шиносномаашро бояд рӯзи 31-уми январ мегирифт, аммо то ҳанӯз, яъне 7-уми феврал пушти дарҳои ин ниҳод саргардон аст.
"Баъдан ман гуфтанд, ки рӯзи душанбе биё, омадам гуфтанд омода нест. Ба роҳбарони болотарашон занг задам, гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе мешавад, зеро рӯзи чоршанбе бахши консулгарӣ кор намекунад. Баъзе нафароне ҳастанд, ки 19-уми январ супурдаанд ва бархеҳо ҳатто пештар",- гуфт Фаррух
Ин сокини душанбе мегӯяд, ки нархи билет ба самти Русия рӯз аз рӯз боло меравад ва бо гармтар шудани ҳаво ва оғози мавсими оммавии рафтани муҳоҷирон хатари гаронтар шудани билет вуҷуд дорад, барои ҳамин мехоҳад билеташро тезтар бигираду биравад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста