Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯзи вазорат гуфт, ки дар соли 2021 рушди нишондиҳандаҳои асоии сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳифз шуда маоши миёна 1 ҳазору 524,4 сомониро дар мегирад. Ин маош дар муқоиса бо соли 2020 148,3 сомонӣ ё 10,8 дарсад болотар астю
Дар минтақаҳо аз ҳама нишондиҳандаи баланди маоши миёнаро сокинони Душанбе мегиранд, ки 2 ҳазору 254,5 сомонӣ будааст.
Андозаи ин маош дар ВМКБ 1 ҳазору 438,8 сомонӣ, дар Суғд 1 ҳазору 396,9, навоҳии тобеъ 1 ҳазору 259,5 ва вилояти Хатлон 1 ҳазору 146,3-ро дар бар мегирифтааст.
Амонзода ҳамчунин андозаи маошро аз рӯйи соҳаҳо низ эълон кард. Бар асоси гуфтаҳои вазир маоши аз ҳама баландро кормандони созмонҳои хориҷӣ – 11 ҳазору 333,6 сомонӣ мегирифтаанд
Дар ҷойи дувум кормандони бахши молӣ қарор доштаанд, ки ба ҳисоби миёна 4 ҳазору 159,4 сомонӣ дар моҳ маош мегирифтаанд. Дар бахшҳои дигар андозаи ин маош баробар ба 3 ҳазору 815,1 сомонӣ ва кормандони бахши алоқаву иртиботот ба ҳисоби миёна 3 ҳазору 126 сомонӣ кор мекардаанд.
Кормандони истихроҷи конҳо беш аз 2 ҳазор (2 ҳазору 786,1 с), энержӣ (2 ҳазору 713,2 сомонӣ), сохтмон (2 ҳазору 449,7 сомонӣ) мегирифтаанд.
Дар бахши саноат 1 ҳазору 960,6 сомонӣ, нақлиёт 1 ҳазору 849,3 сомонӣ маош мегирифтаанд.
Маоши пасттарро ходимони фарҳанг (1 ҳазору 389,7 сомонӣ), хидматчиёни давлатӣ (1 287,7), омӯзгорон (1 ҳазору 244,2) ва пизишкон (1 ҳазору 025,3) мегирифтаанд.
Маоши аз ҳама пасттаринро кормандони бахши кишоварзӣ – 633,8 сомонӣ соҳиб будаанд.
Дар паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз боло бурдани маош хабар дод, ки сар аз моҳи январ маоши кунунии хидматчиёну кормандони мақомоти қудратӣ аз 20 то 25 дар сад ва аз якуми июли соли 2022 маоши дигар кормандони бахшҳои буҷавӣ ва андозаи стипендияву нафақаҳо ҳам мутаносибан то 20 дар сад зиёд мешавад.
Дар ҳоли ҳозир маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон 400 сомон мебошад, ки аз 1 июли соли 2022 50 дар сад боло бурда мешавад ва ба 600 сомонӣ мерасад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста