“Мо қотеъона то охир исрор хоҳем варзид, ки нархи билетҳои ҳавопаймо ба Русия дар ҳудуди хароҷот дар хатсайрҳои мазкур муқаррар карда шаванд”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Агентии ҳавонавардии граждании кишвар Икром Субҳонзода.

Қобили зикр аст, ки масъалаи поин бурдани нархи билетҳои ҳавопаймо ба Русия баҳси гарми рӯзноманигорон ва мақомоти авиатсиониро ба бор овард. Гап сари он аст, ки рӯзноманигорон ба саволҳои “чаро ин тавр аст?”, “ба ин кӣ бояд ҷавобгӯ бошад?” ва “дақиқан кай нархҳо поин бурда мешаванд?” посухи мушаххас нагирифтанд. Дар посух Агентӣ танҳо изҳор дошт, ки мухолифи беасос боло бурдани нархи билетҳои ҳавопаймо мебошад.

“Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, ки ҳавонавардии шаҳрвандиро назорат мекунад, дар ин масъала канор буда наметавонад. Дар ин самт табирҳо роҳандозӣ шуда аллакай натиҷааш ҳам ҳаст ва нархи билетҳои ҳавопаймо поин рафта истодаанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ расман огоҳ карда шудаанд, ки нарҳоро боло набаранд. Мо ҳатман аз ҳуқуқҳои мусофирони худ ҳимоя мекунем”, - гуфт Субҳонзода.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳӣ гирифта буданд, ки  нархи билетҳои ҳавопаймо (ба Русия)-и хатсайрҳои доимӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо набояд аз 500 доллар зиёд бошанд.

Рост аст, ки нарҳо поин рафта истодааанд?

Барои санҷиши гуфтаҳои мансабдор дарҳол пас аз нишасти матбуотӣ мо ба яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе занг задем. Дар он ҷо ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нархҳо ба ҳеҷ гунае тағйир наёфта, баръакс рӯз то рӯз боло мераванд.

“Масалан, арзиши билети хатсайри Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 феврал аз ҷониби ширкати “Уральские авиалинии” анҷом дода мешавад, 6 ҳазору 483 сомониро ташкил медиҳад. Нимаи дуюми моҳи январ билет ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ ва то Соли нави мелодӣ - аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) нарх дошт”, - гуфтанд дар нуқтаи фурӯши билетҳо.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.