Қозидавлат Қоимдодов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар бахши рушд (AKDN) бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Аики Тошиҳиро мулоқот кардааст. Ин дидор, рӯзи 9-уми феврал дар дафтари ин намояндагӣ дар Душанбе баргузор шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои ҳукумати Ҷопонро тавассути JICA ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.
Дар ин дидор зикр шудааст, ки ҳамкории AKDN ва JICA солҳои тӯлонӣ барои рушди мардуми тоҷик пурсамар ва натиҷабахш арзёбӣ карда мешавад.
"Солҳои 2020-2021 бо шарикии Сафорати Ҷопон, AKDN тавассути хадамоти худ Маркази саломатӣ дар деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон, Маркази саломатӣ дар деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон ва Маркази саломатӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ-и Тоҷикистонро бунёд кардааст. Дар соли 2022 дар назар аст, ки якчанд лоиҳаҳо дар бахши агробизнес дар якҷоягӣ амалӣ карда мешаванд",-хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ташкилот.
Дар охир ҷонибҳо омодагиву ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста