Соли 2021 дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 950 шаҳрванди кишвар вафот карданд, хабар доданд дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Аксарияти шаҳрвандон дар қаламрави Русия ҷон бохтаанд.

“Дар кор ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. Соли гузашта теъдоди зиёди шаҳрвандони мо бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтиданд. Сабабҳои марги ҳамватанон гуногун буд - бемориҳо, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, садамаҳо ва ғайра”, - изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода.

Ба гуфтаи вай, намояндагони Вазорати меҳнат дар Русия дар бораи вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон саривақт ба вазорат иттилоъ медиҳанд ва ҳамеша дар интиқоли ҷасади шаҳрвандони фавтида кумак мекунанд. Аммо вазир нагуфт, ки онҳо дар ирсоли ҷасадҳо маҳз чӣ гуна кумак мекунанд.

Амонзода ҳамчунин ҳодисаи фоҷеабор дар Иркутскро мисол овард, ки дар пайи оташ задани як вагончаи сохтмонӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ва ҳамчунин аз ҳодисае дар вилояти Волгоград ёдовар шуд, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз гази карбон заҳролуд шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳамеша шикоят мекунанд, ки барои интиқоли ҷасадҳо худашон як маъракаи хайрия ташкил карда, ҷасади ҳамватанони фавтидаашонро ба ватан мефиристанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2021 зиёда аз 350 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. ВКД Русия моҳи октябри соли гузашта хабар дода буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2021 вуруди 2 млн 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар сабт шудааст, ки 1,6 млн нафари онҳо мақсади сафари худро корёбӣ зикр кардаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 9 моҳи соли 2021 муҳоҷирони тоҷик ба ватан ҳудуди 1 млрд 289 млн доллар фиристодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.