Нафаре, ки гуфта мешавад, дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар “турник” худро ба дор овехт, марди 39-сола буда, аз ӯ сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ном бурданд. Дар ин бора аз РВКД шаҳри Душанбе ба “Азия - Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тафтиш мешавад.
- Ҳодиса пеш аз зуҳри имрӯз, 11 феврал рух дод. Тафтиши чунин ҳодисаро прокуратура пеш мебарад. Сабабҳои даст ба чунин амал заданро онҳо муайян мекунанд. Ҳоло чизе маълум нест. Гурӯҳи корӣ ба ҷои ҳодиса рафта, ҳодисаро тибқи маълумоти пешакӣ аз рӯи худкушӣ ба қайд гирифтанд, - гуфтанд аз РВКД Душанбе.
Ному насаби шахсе ки худро ба дор овехт барои “Азия - Плюс” маълум аст ва аз ӯ М.Ҷ. ном мебаранд .
Ёдовар мешавем, ки имрӯз “Азия - Плюс” бо такя ба манбаъи худ хабар дода буд, ки дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансур як хонандаи мактаб дар “турник” худро ба дор овехтааст. Хабари худкушӣ намудани як нафарро дар варзишгоҳи “Авиатор” маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон ва РВКД шаҳри Душанбе тасдиқ намуда буданд.
Аз ВКД гуфта буданд, ки барои мушаххас намудани шахси овехташуда, гурӯҳи корӣ равон шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста