Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маросими муаррифии нашри нави китобҳои силсилаи “Ахтарони адаб” пешниҳод дорад, 50-силсилаи ин китобҳо ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шавад.
Силсилаи китобҳои “Ахтарони адаб” осори адибони тоҷик, навиштаҳои назмиву насриро бузургони адаб аз Рӯдакӣ то шоиру нависандаҳои муосирро дар бар мегирад. Ин тарҳ соли 2007 рӯйи даст гирифта шудааст, ки бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр мешаванд.
Низом Қосим гуфт, ки “нашри осори ниёгон дар адабиёт таҷрибаи хуб аст ва метавонем онро дар як маҷмаа ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.
Нашри нахустини китобҳои «Ахтарони адаб» аз бунёнгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз шуда, дар идома осори дигар чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосирон то Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералиро дар бар мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста