Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҷалби магистрон ва аспирантонро ба хидмати ҳарбӣ талаботи рӯз номид ва гуфт, ин масъала набояд имрӯз баҳсӣ бошад.

Ӯ ин нуктаро зимни нишасти матбуотии имрӯза, дар посух ба суоли хабарнигори “Азия - Плюс” вобаста ба мавқеи роҳбарияти АМИТ дар мавриди ҷалби магистрон ва аспирантон ба хидмати ҳарбӣ иброз дошт.

Фарҳод Раҳимӣ тасдиқ намуд, ки баъди қабули қонуни нави уҳдадории ҳарбӣ теъдоде аз магистрони академия ба хидмат рафтанд.

“Баъди қабули қонуни нав шумораи магистрон ба таври чашмрас кам нашуд ва айни ҳол дар академия 497 нафар магистр таҳсил мекунанд. Дар робита ба ин масъала ба Ҳукмутаи кишвар ва Вазорати дифоъ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар бархе пешниҳодотамонро равон кардем”, - гуфт президенти Академия.

Ӯ дар бораи пешниҳодҳо ҷузъиёти муфассал надод ва танҳо гуфт, “баъди ҳаллу фасл шудан ба ВАО хабар медиҳем”.

Ба қавли Фарҳод Раҳимӣ, масъалаи  хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бояд имрӯз, масъалаи баҳсӣ набошад ва ҳар нафаре, ки худро мард мепиндорад, бояд ба хидмати артиш равад. Он як мактаби бузурги ҳам мардонагӣ ва ҳам зиндагӣ аст.

“Умуман, хидмат ба сафи қувваи мусаллаҳ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванд аст. Агар мо ватану мазру бумро дӯст надорем, ба ҳама маълум аст, ки аз дарёи Панҷ он тараф ва муносибат бо ҳамсояҳо чӣ гап аст. Шахсан худам баъди хатми курси дуввуми донишгоҳ се маротиба ба комисариати ҳарбӣ муроҷиат кардам, ки маро ба артиш баранд. Ва боз дар мактуб дарҷ кардам, ки мехоҳам дар онҷое хизмат кунам, ки вазъият вазнин аст. Хушбахтона, ду сол хидмат кардам ва баргаштаму таҳсиламро идома додам”,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Талаботи рӯз хондани хидмати ҳарбӣ барои магистрону аспирантон аз ҷониби президенти АМИТ дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: "аз ин фоҷиа насозед".

“Мову шумо хидмат накунем, шахси дигар аз хориҷи кишвар омада, ватани моро ҳифз намекунад”, - афзуд ӯ.

Ҳарчанд Имомзода дар нишасти хабарии тобистони соли гузашта гуфта буд, "магистрон бояд аз хидмат озод бошанд ва мо бо Вазорати дифоъ дар ин самт кор бурда истодаем". Он замон вазири маориф ва илм гуфта буд, ки "магистратура ҳам як зинаи таҳсилот аст ва бояд  мисли дигар зинаҳои таҳсил муҳассилини онро аз хидмат озод кунанд".

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. 

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.