Соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели зоҳир шудан хушунати занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта ба сурати умум 3 ҳазору 485 далели хушунат дар оилаҳо сабт шудааст, ки 176 далел камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (соли 2020) мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода
Сурат: Asia-Plus

“Аз шумори умумии арзу шикоятҳо 548 далел ба муроҷиати мардон дар мавриди зоҳир шудани хушунат ба онҳо аз ҷониби ҳамсаронашон дахл дорад”, - таъкид дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, бо назардошти арзу шикоятҳои шифоҳӣ, ки “бамаротиб аз аризаҳои хаттӣ ба ВКД зиёдтаранд”, дар муқоиса бо соли 2020 соли гузашта ҳолатҳои хушунат (зӯроварӣ) дар оила афзудааст.

Ӯ зикр кард, ки баҳри ҳалли ин мушкилоти муҳим тадбирҳо амалӣ мешаванд, аз қабили гузаронидани суҳбатҳо бо аҳли оила ва ҳамсояҳои онҳо, то ки мушкилот ҳамаҷониба омӯхта шуда, азҳампоишии оилаҳо пешгирӣ карда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.