Модари чор муҳоҷири тоҷик, ки дар боздоштгоҳи Иркутски Русия ҳастанд, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостаанд, то ба Владимир Путин занг занад ва барои озоди фарзандонашон кумак кунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Шаби 12 ноябри соли гузашта гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагони ҳафт муҳоҷири тоҷик ҳуҷум карданд ва онро оташ заданд.

Дар натиҷаи сӯхтор, Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чор ҳамроҳашонро, Маҳмадтоҳир Ашуров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт кардаанд.

Мақомоти рус дар ибтидо ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки рӯзи 12-уми ноябр ҷавонони муҳоҷир бо ҷавонони маҳаллӣ муноқиша кардаанд ва шаб сокинони маҳаллӣ вагони зисти онҳоро оташ задаанд. Баъдан, дар ин бора тафсилоте нашр нашуда, танҳо дар бораи боздошти муҳоҷирон хабар дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ва наздиконашон ин чор муҳоҷирро ҷабрдида медонанд ва мақомоти рус низ шарҳ надоданд, ки бо кадом асос онҳоро айбдор кардаанд.

Майрамбӣ Толибова, модари Далер Ҳасанов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мактубашонро рӯзи г9 феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент супурданд.

Мақомот ҳанӯз мактуби ин модаронро шарҳ надодааст, вале дар гузашта сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, ки қазияи боздошти муҳоҷиронро таҳқиқ доранд.

“Ҳама мақомотҳо ба аҳволи бачаҳои мо таваҷҷӯҳ карданд, лекин онҳоро ҷавоб надоданд. Мо дар мактубамон аз президент хостем, ки ба Путин занг зананд ва гӯянд, ки бачаҳои моро бегуноҳ маҳкам кардаанд. Фақат президент метавонад, ҳақро ба ҳақдор расонад ва бачаҳои бегуноҳи моро озод кунад”, - гуфтааст ӯ.
Коллажи Радиои Озодӣ

Латофат Саидова, модари Муҳаммадтоҳир Ашӯров, муҳоҷири дигари боздоштшуда гуфт, писари ӯро, ки дар ин ҳодиса беш аз 50 дар сади баданаш сӯхта буд, пас аз табобати нопурра ба боздоштгоҳ интиқол доданд.

Маҳмадтоҳир Ашурови 25-соларо, ки наздики ду моҳ дар беморхона бистарӣ буд, охири моҳи декабри соли гузашта боздошт карданд. Ӯро низ ба қасди куштор муттаҳам кардаанд.

“Писарони моро бегуноҳ боздошт кардаанд. Онҳо худашон ҷабрдидаанд. Писари ман дар ин ҳодиса маъюб шуд ва ӯ бояд табобат гирад, на ин ки дар боздоштгоҳ шинад. Ӯ қаҳрамонӣ карда, ҳамроҳонашро аз даруни оташ кашида берун кардааст, вале ҳоло аҳволаш нохуб дар маҳбас аст”, - иброз доштааст вай.

Як корманди пулиси рус низ боздошт шудааст

Талошҳо барои дарёфти тафсилоти ҳодиса аз мақомоти Русия, ки чаро вагони муҳоҷиронро оташ задану боз худи онҳоро боздошт карданд, натиҷа надодааст.

Як манбаи наздик ба тафтишот бидуни зикри номаш гуфтааст, ки пас аз сафари намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Иркутск мақомоти маҳаллӣ як корманди милисаро, ки дар ҳодиса даст дошт, боздошт карданд.

“Се нафар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар муҳокимаҳои додгоҳ ширкат мекунанд ва як милисаи маҳаллӣ бо гумони оташ задан ва таҳрик додани сокинон ба ин амал дар боздошт аст, - иброз доштааст ӯ. - Парвандаи муҳоҷирон ва сокинон дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад”.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, сафорати Тоҷикистон ба ҳамаи боздоштшудаҳо адвокат киро кардааст ва онҳо фаъолона аз ҳаққи муҳоҷирон ҳимоят доранд.

Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат карда буд ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.

Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик низ аз ҳамкори русаш тақозо карда буд, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ кунанд.

Соли 2021 тобути беш аз 950 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 1000 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.