Омори шумораи расмии бекорон, ки аз суйи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар нишасти ахири хабарии ин ниҳод пешниҳод шуд, шубҳаҳоеро ба миён овард. Бархе аз рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин оморро ба баҳс кашидаанд. Коршиносон ин оморро ҳам дуруст ва ҳам нодуруст унвон мекунанд.

Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори ин Раёсат зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта дар шуъбаҳои ин ниҳод 7823 нафар расман худро бекор сабти ном кардаанд, ки назар ба соли 2020 ин шумора 123 нафар кам шудааст. Ба ҳамин тартиб, бино ба гуфтаи ӯ сатҳи расмии бекорӣ дар вилояти Суғд 1%-ро ташкил медиҳад, ки соли 2020 ин омор 1,1%-ро ташкил медод.

Вилояти Суғд яке аз бузургтарин вилоятиҳои Тоҷикистон аст, ки ҳоло расман 2,7 миллион аҳолӣ дорад 

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, “дар шаҳру ноҳияҳо таҳлил гузаронида шуд ва 68 дарсади бекорони дар қайд буда бекасбу ихтисос ҳастанд ва аксаран ҷавоне мебошанд, ки баъди хатми мактаб ба хизмат рафта касбу ихтисос надоранд”.

Нодирӣ Шермуҳаммад

Вай гуфт, аз шумори умумии бекороне, ки худро расман сабти ном карда 4165 нафар (53,2%) занон ва 4861 нафар (62,1%) ҷавонони 15-29-сола мебошанд. Нодирӣ мегӯяд, 68 дарсади бекорони худро расман сабти ном карда бекасбу ихтисос ҳастанд. Ба назари мақомот, аксари онҳо ҷавононе будаанд, ки баъди хатми мактаб ба хидмати ҳарбӣ рафта, ҳамин тавр бе касбу ихтисос мондаанд. 

Дар ҳоле мақомот аз поён рафтани сатҳи расмии бекорӣ дар соли 2021 хабар медиҳанд, ки соли гузашта раванди муҳоҷиршавии сокинони шимолии Тоҷикистон афзоиш ёфт. Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Суғд соли 2021 аз ин вилоят 181 ҳазору 109 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин омор назар ба ду соли пеш аз пандемия беш аз 70 ҳазор ва дар муқоиса ба соли 2020- 151,742 ҳазор зиёд аст.

Коршиносон мегӯянд, шумори бекорон аз он чи ки мақомот 1 дарсад мегӯяд, бамаротиб бештар аст.     

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик тарзи ҳисоби омори мақомот дар мавриди сатҳи расмии бекориро, ки аз рӯйи муроҷиати шаҳрвандони бекор ҳисоб шудааст, нодуруст хонд. Вай гуфт, ҳазорҳо одамон бо меҳнати мавсимӣ ё мардикорӣ ва даҳҳо ҳазор муҳоҷиранд, ки онҳо ҳам бекор ҳисоб мешаванд. Ба ақидаи ин таҳлилгари тоҷик омори мавҷуд ниёз ба тасҳеҳ ва дақиқ кардан дорад..

“На ҳама худро дар мақомоти давлатӣ ҳамчун бекор сабти ном мекунад. Чун медонад, ки сатҳи маош дар кишвар паст аст. Чаро омӯзгорон, табибон дар ватани худ кор намекунанду дигар ҷо мераванд? Яъне он маоше, ки пешниҳод мешавад мардумро қонеъ намегардонад ва барои зиндагӣ кофӣ нест. Сатҳи бекориро ҳамин тавр аз рӯйи муроҷиати шаҳрвандон ҳисоб кардан нодуруст аст”,-мегӯяд ин таҳлилгар.

Аммо Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, омори мақомотро ҳам рост ва ҳам ғалат меҳисобад. Вай дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, омори расмии бекорӣ аз он ҷиҳат дуруст аст, ки мақомоти шуғли аҳолӣ бо дарназардошти муроҷиатҳои бекорон маълумот пешниҳод мекунад.

Ӯ афзуд, агар шахс дар бозори кории ғайрирасмӣ ё корҳои мавсимӣ бо коре машғул аст, ӯ бекор ҳисоб намешавад.

Нурулло Қурбонов, коршиноси дигари масоили иҷтимоӣ мавзуйи бекориро яке аз масъалаҳои доғи ҷомеъа ном мебарад, вале омори расмии бекориро шубҳаовар хонд.

Ӯ ҳам афзуд, омори сатҳи 1 дарсадии бекорӣ дар вилояти Суғд бозгӯйи воқеъияти ҳол нест. Ба таъкиди ин коршинос, ба далели кам будани музди меҳнат мардум барои дарёфти кор ба шуъбаҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат намекунанд. 

Мақомот дар ҳоле аксари бекорони расмиро дар ин вилоят ҷавонони бешуғлу касб ҳисоб кардааст, ки ҳудуди 1 миллион сокини Суғдро ҷавонони аз 14 то 30-сола дар бар мегиранд.

Дар нишасти нимсолаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд гуфта шуд, ки дар вилоят 467 ҳазору 300 нафар писар ва 463 ҳазору 600 нафар духтари ҷавон ба сар мебаранд, ки 3486 нафар аз онҳо расман бекор эътироф шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.