Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон Шоҳин Саидзода овозаҳои аз ҷониби омӯзгорон дастаҷамъона тарк кардани ҷойҳои корӣ ва рӯ ба муҳоҷират овардани онҳоро рад кард.

“Солҳои пандемияи коронавирус бисёре аз муаллимон, ки дар дигар кишварҳо кор мекарданд, ба хориҷа сафар карда натавонистанд ва дар мактабҳо дарсҳои иловагӣ гирифтанд. Соли 2021 сарҳадҳо боз шуда, ин гуруҳи омӯзгорон ба ҷойҳои кории пешинаи худ баргаштанд. Дар натиҷа, ба назари бархе чунин мерасад, ки омӯзгорон ногаҳон кори худро дар мактаб партофта, ба муҳоҷират мераванд, лекин ин тавр нест”, - шарҳ дод вазъро Шоҳин Саидзода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Бино ба маълумоти вай, соли гузашта 16 ҳазор нафар макотиби олиро бо ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм кардаанд.

“Зиёда аз 8,6 ҳазор нафари онҳо, ки дар гуруҳҳои буҷетӣ мехонданд, барои кор ба мактабҳо фиристода шуданд”, - иброз дошт ӯ.

Айни замон дар мактабҳои Тоҷикистон 160 ҳазору 785 омӯзгор машғули кор буда, шумори мактабхонҳо 2 млн 696 ҳазору 727 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ(СССР) аз лиҳози ҳаҷми музди меҳнат Тоҷикистон зинаи охир ва аз рӯйи сарбории кор ба омӯзгорон - мақоми аввалро ишғол мекунад.

Сатҳи сарбории кор ба муаллимон дар мактабҳо баланд боқӣ мемонад. Дар муассисаҳои маълумоти миёнаи умумӣ ба як омӯзгор ба ҳисоби миёна 16 талаба рост меояд. Дар ҳамин ҳол, дар мактабҳои шаҳр ба ҳар як омӯзгор зиёда аз 20 хонанда рост меояд.

Дар Русия ин нишондиҳана ба 8 хонанда, Ӯзбекистон - 13 ва Қирғизистон - 15 талаба баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.