Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Роҳбари Осиёи Марказии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) хонум Кассандра Колберт, мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти AKDN дар як хабарнома мегӯяд, ки ин дидор, рӯзи 14 феврал дар дафтари ин ниҳод дар Душанбе баргузор шудааст.
- Зимни вохӯрӣ ҷаноби Қоимдодов ва хонум Кассандра дар мавриди ҳамкориҳои дарозмуддати AKDN ва IFC суханронӣ намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро ҷиҳати таҳия ва тарҳрезии барномаҳои муштараки миллӣ ва минтақавӣ ва инчунин ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд,-гуфта мешавад дар хабарнома.
Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки яке аз беҳтарин намунаҳои шарикии AKDN, бахусус Бунёди Оқохон дар умури рушди иқтисодӣ (AKFED), IFC ва Ҳукумати Тоҷикистон ин таъсиси ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад, ки он ҳамчун тарҳи шарикӣ миёни бахши хусусӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур на танҳо ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадашхон дар Тоҷикистон, балки ба мардуми Бадахшони Афғонистон низ таъсири чашмгир ва мусбат гузошта истодааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои нави шарикӣ ва машваратҳои мунтазам дар бахши таҳкими ҳамкориҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста