Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, дар нишасти хабарии имрӯз аз мушкилиҳо дар бахши дифои рисолаҳои илмӣ ишора кард ва гуфт, имрӯз муносибат байни олимон хеле нигаронкунанда аст ва то ворид шудани дисертатсия аз болои довталаб ариза пушти ариза ба онҳо ворид мешавад.
Ӯ, ки имрӯз, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, афзуд, ки олимон аз якдигар қасос мегиранд ва шогирдони якдигарро пешпойӣ медиҳад.
- Чанде пеш як шурои илмӣ таъсис додем, дар як сол як дисертатсия пешниҳод накарданд. Дар шуро ҷамъ мешаванд ва сояи якдигарро аз девор метарошанд. Мо аз пушти онҳо наметавонем, ки як олими ҷавон тайёр кунем. Дар ин замина баъзан илтимосҳои ноҷову фишорҳову ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, пеши роҳи инро бояд гирифт. Илм ҷойи чунин корҳо нест, - гуфт Абдулҳаким Розиқзода.
Номбурда гуфт, мушкили дигари соҳа ин аст, ки то ба ҳол шахсони тасодуфӣ мехоҳанд, ба илм даст зананд.
Роҳбари ВАК-и Тоҷикистон аз ҷавонон гила кард ва гуфт, ки онҳо на ба хотири илм, ин роҳро пеша мекунанд, балки ба хотири дарёфт кардани вазифа ва шуҳрат ба роҳи илм мераванд.
Номбурда ҳамин тариқ, мисол овард, ки як ҷавон баъди он ки кори илмиаш аз шӯрои комисия гашт, ба ӯ гуфт, ки “дар идораи мо номзадҳои илмро рӯйхат карданд ман аз вазифаам мондам”.
- Вақте кори илмии як довталабро гардонидем, гуфт, барои номзад шудан як китобам намерасид, дар як ҳафта ҳал кардам, - гуфт Абдулҳаким Розиқзода.
Номбурда беинсофона рӯйбардор ва ё плагиат шудани корҳои илмиро тасдиқ намуд ва гуфт, ки онҳо барномаеро ҳам харидорӣ кардаанд, ки чунин ҳолатҳоро ошкор мекунад.
Ӯ гуфт, ки дар донишгоҳҳо ҳам барномаи антиплагиат амал мекунад, вале онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута тасмим гирифтанд, ки корҳои илмӣ танҳо дар барномаи антиплагиати КОА гузаронида шавад.
- Дар барномаҳои антиплагиатҳои донишгоҳҳо омили инсонӣ эҳсос мешавад, боло бурдан аслияти кор ба назар мерасад. Яъне агар дисертатсия 100 саҳифа бошад, 75 саҳифааш бояд моли худи рисоланавис бошад, - гуфт номбурда.
Сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳои корҳои илмӣ аз дигар мушкилиҳое аст, ки Розиқзода нигаронӣ кард ва гуфт, ҳатто рӯзи якшанбе ҳам бархе шуро ҷаласа гузаронида, мавзуъро тасдиқ карданд.
Розиқзода аз номи як нафари дигар навиштани корҳои илмиро ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо номи инро “фабрикаи эҷод” гузоштаанд ва вақте аз довталаб муҳтавои кори илмиро мепурсанд, чизе намедонад.
Ӯ ҳатто мисол овард, ки як довталаб бо ифтихор гуфтааст, ки боби дуввуми кори илмиашро устодаш “тақдим” кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста