Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба хотири муваффақият ва муборизаи босамар дар муқобила алайҳи бемории COVID-19 ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ифихорномаи вижае тақдим кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ифтихорномаро ба Ҷамолиддин Абдуллозода, мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар умури сиёсати тандурустӣ дар Тоҷикистон Илкер Даштан тақдим кардааст.
Ин ҷоиза имрӯз, 18-уми феврал дар Душанбе дар ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва натиҷаҳои назарраси ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон эҳдо шудааст.
Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар радифи шаш кишвари ҷаҳон аст, ки “дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи ахир 16-17-уми феврал ягон ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Вале аз оғози пандемия то имрӯз мунаққидону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ҳарфҳои мақомот бо шубҳа менигаранд.
Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон 17 ҳазору 385 нафар ба бемории коронавирус сироят ёфта, 17 ҳазору 249 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар қурбони ин беморӣ шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста