Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ба аввали соли 2022 зиёда аз 36,6 млн сомонӣ (3,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аз ҷумла қарзҳои ҷамъшуда дар соли 2021 ба ҳудуди 9,8 млн сомонӣ (870 ҳазор доллар) баробар аст.
Ҳаҷми умумии қарзи ҷамъшуда аз маош давоми соли 2021 ба андозаи 48,2 млн сомонӣ (4,3 млн доллар) кам шудааст. Аввали сол маблағи умумии ин қарзҳо 84,8 млн сомониро ташкил дода буданд.
Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз музди меҳнат пас аз болоравии босуръат дар соли 2020 аз моҳи феврали соли гузашта оғоз шуд.
“Камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба қайд гирифта шудааст”, - зикр мекунанд дар Агентии омор.
Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 14,6 млн сомонӣ, саноати коркард - 6,6 млн сомонӣ ва сохтмон - 5 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин соҳаҳо зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии қарз рост меояд.
Дар охири соли 2021 музди меҳнати моҳонаи номиналӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 1812 (160 доллар) ва ҳадди ақал - 400 сомонӣ (35 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо 5853 сомонӣ (520 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ба 750 сомонӣ (66 доллар) баробар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста