То субҳи 2 март дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар Украина тайи рӯзҳои ахир шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаламрави Украинаро тарк кардан мехоҳанд, хеле зиёд шуд. То ҳозир 823 нафар ба Лаҳистон (Полша) ва 121 нафар ба Молдова рафтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин рақамҳо иваз шуда метавонанд, зеро хоҳишмандон дар сарҳадҳои Лаҳистону Молдова дар навбат истодаанд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, миёни осебдидагон дар ин кишвар шаҳрвандони мо нестанд.
“Се нафар шаҳрвандони мо, ки дар ҳайати махсуси мониторингии САҲА кор мекунанд, ба шаҳри Ростови лаби Дон кӯчонида шуданд”, - хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Сафорати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали рӯйдодҳо раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монд.
Гуфта мешавад, мақсад аз роҳандозии ин кор дар давраи кунунӣ пеш аз ҳама, машварат додан ба ҳар кадоме аз шаҳрвандони муроҷиаткунанда аст.
“Барои ин мо аз имконоти сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Молдова (қароргоҳ дар Киев), Руминия (қароргоҳ дар Вена) ва Лаҳистон (қароргоҳ дар Берлин) истифода мекунем.
Ва табиист, ки сафоратхонаи мо дар Киев фаъолона дар ин самт шабонарӯзӣ кор мекунад. Рӯзи 1 март як корманди сафорат ба шаҳри Кишинев ва як корманди дигар ба шаҳри Лвов фиристода шуданд, то ки масоили марбут ба хориҷ шудани шаҳрвандони моро дар ҳамон ҷо ҳал кунанд.
Хатҳои “тамоси доимӣ”-и телефонҳо фаъол буда, кормандони масъул вазифадор шуданд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрвнадон ба онҳо муфассал имконоти баргаштан ба ватанро шарҳ диҳанд”, - гуфт як манбаъ дар ВКХ Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста