Подабон Зоиров, табиби маъруфи бемориҳои пӯст, доктори илми тиб, узви вобастаи Акадмеияи илмҳои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, дар сини 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ, пас аз намози ҷумъаи имрӯз дар масҷиди марказии Душанбе баргузор мешавад.
Подабон Зоиров, соли 1941 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро соли 1965 хатм мекунад ва яке аз мутахассисони барҷастаи бемориҳои пӯст дар Тоҷикистон ва кишварҳои Шӯравии собиқ буд.
Ин табиби маъруф асосгузори мактаби пӯстшиносӣ (дерматология) дар тибби Тоҷикистон шинохта мешуд. Ӯро устоди ҳамаи табибони бахши бемориҳои уфунии пӯст ё дерматовенерология медонанд. Академик Зоиров дар бахшҳои эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ низ тадқиқот ва дастовардҳои назаррасе дошт.
Ҳанӯз соли 1983 рисолаи докторияшро ҳимоя карда буд ва яке аз профессорҳои маъруфи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино буд.
Ӯ солҳои 1970-1978 устоди Донишгоҳи тиббӣ, баъдан солҳои 1979-1980 ходими хурди илмӣ, аз соли 1983 то поёни умр мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикӣ ва солҳои 1996-2005 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бахши корҳои илмӣ буд.
Дорандаи Ордени "Шараф" дараҷаи II ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва фановариҳо (2000) буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста