Мушкилоти хушунат алайҳи кӯдакон дар подкасти вижаи «Азия-Плюс» бо ҳузури коршиносон баррасӣ шуд. 

Хушунати хонаводагӣ алайҳи кӯдакон  дар минтақа ба таври густарда паҳн шудааст: бино ба иттилои UNICEF дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳудуди ниме аз кӯдакон  қурбонии равишҳои хушунатомези тарбиявӣ мешаванд.

Ба ҷуз ин, дар Тоҷикистон дар солҳои ахир як чанд ҳаводиси пурсарусадо таҷовузи ноболиғон низ рух дод. 

Чӣ корҳои пешгиронае бо кӯдакон ва волидйни онҳое, ки гирифтори мушкилӣ мешаванд, бояд гузаронида шавад. Орзу Исоев муҷрии мо бо Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари созмони ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва Умеда Садриддинова, раиси ташкилоти "Корвони умед" ба баррасӣ гирифт.

Ин видеоподкаст дар доираи ташаббуси "Нури рӯшноӣ" бо пуштибонии молии Иттиҳодияи Аврупо омода шудааст. Масъулияти мазмуну муҳтавои барнома ба дӯши Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аст ва бозгӯкунандаи нуқтаи назари СММ ва Иттиҳодияи Аврупо нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.