Дар Ҳоланд аз сӯйи интишороти "Ақли Сурх" китобе дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ки дар баҳсои марзӣ бо Қирғизистон яке аз мавзеъҳои доғ аст, ба нашр расидааст.
Ворух як ҷамоати шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки Қирғизистони ҳамсоя онро анклав ё бурунбум мешуморад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки он бахши комиле аз ҳудуди кишвар аст.
Бино ба иттилои "Озодӣ", китоби нав "Ворух, девори Ватан" ном дорад ва аз мақолаву шеърҳо иборат аст. Ношири китоб дар пешсухан гуфтааст, "навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд."
Дар идома омадааст, "аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем, то доманаи воқеияти торихӣ барои хонанда равшан гардад".
Китобро рӯзи 20-уми март дар Амстердам рӯнамоӣ мекунанд. Чанд нусхаи чопии китоб барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Бритониё фиристода шуда, нусхаи электронии онро дар Интернет мегузоранд.
Интишороти "Ақли Сурх" беш аз 5 сол боз дар Ҳолланд фаъол аст. Ҳадафаш нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муарифии он ба алоқамандон аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста