Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов вобаста ба тағйир додани матну оҳанги Суруди миллӣ ва интихоби шеъри Лоиқ ё Низом Қосимро ба ҷойи матни кунунӣ, баррасӣ кард ва мавқеи худро баён медорад.

Сараввал ба маълумоти муҳарирони нашрияҳои «Азия-плюс», «Фараж» ва хонандагони сершумори мақолаи мазкур расониданием, ки  Холаҳмад Маҷидов композитор ё худ оҳангсоз набуда, балки хормейстер, такмилдиҳандаи сурудҳои акапелла ва ҳамсароӣ мебошад.

Ин дафъа Холаҳмад Маҷидов баҳри тағйир додани матн ва оҳанги Суруди миллӣ «камар» бастааст (нашрияҳои «Фараж» ва «Азия – плюс), ки сару садои зиёдеро, ба истиснои якчанд «ҷонибдор» ба  муқобили пешниҳоди мавсуф дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Сароғоз мехоҳем ба таърихи сурудҳои миллӣ рӯ овардем.

Тавре маълум аст, ҳар як давлати соҳибистиқлоли дунё Гимн, яъне Суруди миллии худро дорад, ки он дар якҷоягӣ бо Нишон ва Парчами миллӣ аз муқаддасоти он кишвар ба ҳисоб меравад.

Гимни имрӯзаи давлати тоҷикон, ки «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида мешавад, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1994 тасдиқ гардидааст.

Агар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нигоҳи илми мусиқишиносӣ ҳамчун жанри мусиқӣ таҳлил намоем, пас хоҳем дид, ки  дар он тамоми хусусиятҳое, ки барои Суруди миллӣ заруранд риоя карда шудааст. Яъне ҳам сохтори зарбӣ, ҳам лаҳн ва гардиши мусиқии махсус, яъне фосилаи квартаи тоза, ки дар тамоми сурудҳои миллии дунё истифода карда мешаванд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оҳанги мутантани лаҳнҳои омехтаи мажорӣ ва минорӣ эҷод шуда, хело фораму гӯшнавоз ва дилрас садо медиҳад. Мувофиқати ҳар як тақтеи мусиқӣ бо калимаву ибораҳои шеъри шоири зиндаёд Гулназар ба ҳусни он таровати тоза зам намуда, иҷроиши онро табииву гуворо намудааст.

Яъне, ҳам дар матн ва ҳам дар оҳанги Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои соф миллии назми ҳазорсола ва мусиқии куҳанбунёди тоҷикон, орзуву армони халқи фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик таҷассум ёфтааст.

Дар ҳакиқат имрӯзҳо Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забони ҳама хурду бузурги кишвари азизамон буда, онро аз кӯдаки хурди боғчаи бачагон сар карда то пирони рӯзгордида месароянду арҷ мегузоранд.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза пайваста тавассути радиову телевизионҳои кишвар садо медиҳад, аз ҷониби хори академии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро ва сабт гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни тайёр намудан ва дар сабти он худи Холаҳмад Маҷидов фаъолона иштирок намуда, саҳмгузор ҳаст.

Ҳамзамон, Х.Маҷидов овардааст, ки «Бояд эътироф бикунем, ки Суруди миллии мо дар замоне пазируфта шуд, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ба Ваҳдати миллӣ нарасида будем. Дар қабули он мутахассисони ҳирфавӣ ширкат надоштанд. Вакилони мардумӣ ба як мутахассис, композитори шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов, эътимод бастанду бовар намуданд. Барояш пазируфтани оҳанги пешини Гимн, ки муаллифаш Сулаймон Юдаков буд, беҳтар маҳсуб мешуд, чун бо ӯ дигар рӯ ба рӯ шуда наметавонист. Ҳамин тавр, оҳанги Сулаймон Юдаков ва матни устод Гулназар Келдиро дар охир пазируфтанд».

Ҳамагон медонанд, ки устод Дамир Дӯстмуҳаммадов дар масири композиторӣ, ба шарофати ҳунари хеш дар рушду такомули санъати  мусиқии тоҷик саҳми беназир гузоштаанд.

Маҳз савияи донишҳои назариявӣ, малакаҳои касбӣ ва ниҳоят салоҳиятнокии устод ба мундариҷа ва сатҳу сифати тамоми кореро, ки анҷом медоданд, таъсири амиқ мерасониданд.

Дар ин замина, «бадгӯӣ» нисбати Дамир Дӯстмуҳаммадов, ки бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар мусиқии касбии тоҷик мактаби хешро ба вуҷуд оварда, анъанаҳои  беҳтарини фарҳанги тоҷикро эҳё намуданд, айб аст.

Ғайр аз ин бояд тазаккур дод, ки соли 1994 дар ҷаласаи махсус барои ҳамин масъала бахшида шуда, композиторони шинохтаи тоҷик ба мисли Хунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Шарофиддин Сайфиддинов, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Дамир Дӯстмуҳаммадов, Ходими хизматнишондодаи санъат, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, собиқ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов, шоирони шинохтаи Тоҷикистон М.Қаноат, Лоиқ, Гулназар ва дигарон ширкат варзида, фикру ақидаҳои хешро бобати ин масъала баён намуда, ба матн ва оҳанги Суруди миллӣ бори дигар баҳои баланд доданд ва дар асоси хулосагузории ин ҷамоат Суруди миллӣ аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардид.

Дар заминаи гуфтаҳои боло бо итминони комил метавон иброз намуд, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёри мо, ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардум, осмони софу беғубори Тоҷикистони биҳиштосо, дӯстиву бародарии халқу миллатҳои ин кишвари офтобӣ, сулҳу амонӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон мебошад ва зарурат барои тағйири матн ва оҳангро надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.