Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорон намерасанд. Омӯзгорони зиёд - аксаран ҷавонон - мактабщоро тарк мекунанд ва ба дунболи пайдо кардани машғулиятҳои дигар мешаванд ё ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти ахири Вазорати маориф ва илм, сарораси кишвар 2,1 ҳазор омӯзгор намерасад.

Аммо тавре, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири акнун собиқи маориф ва илм дар нишасти хабарии ахири худ гуфта буд, ки ин раванд асло фоҷиа нест.

Воқеият чист? Ин як раванди табиӣ аст ё ин раванд метавонад ба фалокат оварда расонад? Чаро омӯзгорони  тарк мактабҳоро тарк мекунанд? Маоши онҳо чанд аст? Ва билохира чӣ бояд кард?

Дар шумораи нави ток-шоуи "Рости гап" мо бо ҳузури намояндаи Вазорати маориф ва илм, худи омӯзгорон ва шаҳрвандони фаъоли кишвар ин мушкилотро баррасӣ кардем!

Ба қаҳвахонаи Parking барои фароҳам кардани макони сабти барнома, арзи сипос баён менамоем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.