Раҷаб Ҳусейнов ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик, имрӯз дар синни 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ҳунарманд хабар медиҳанд. Гуфта мешавад ҳунарманд чанд вақти ахир дар бистари беморӣ буд.
Бино ба иттилои дарёфти ин ҳунарманди пуровозаи кишвар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия даргузаштааст.
Раҷаб Ҳусейн аз шумули ҳунармандони номдори театру синамои тоҷик буд, ки дар баробари нақшҳои мондагор дар саҳнаи театру пардаи синамоми миллӣ, ҳамчунин дар филмҳои зиёди кишварҳои хориҷӣ низ нақш офаридааст ва шуҳрати зиёди дар хориҷ аз кишвар дошт.
Ин ҳунарманди саршинос моҳи августи соли 1941 дар Душанбе таваллуд шудааст. Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, дар театри Лоҳутӣ ва Маяковскийи шаҳри Душанбе кор карда буд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ тақрибан, дар шаст намоишнома, аз ҷумла “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Сарбозони инқилоб” ва “Шаби охирини Суқрот”, нақш бозидааст.
Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Субҳи Ганг”, “Гаравгонон”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” аз ҷумлаи филмҳое ҳастанд, ки дар онҳо образҳои гуногун офаридааст,” – навиштаанд дар Википедияи тоҷикӣ.
Гуфта мешавад, саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ниҳоят калон аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста