Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими супурдани синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои ватанӣ баргузор мешавад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки синамоҷоиза бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа баргузор гардида, муассиси он ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар озмун филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии истеҳсоли ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ хоҳанд шуд.
- Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, - гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.
Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти дигари ин ҷоизаи миллӣ дар бахши синамо маълум нест.
Ҳамчунин дар хабарномаи "Тоҷикфилм" гуфта нашудааст, ки филмҳо дар асоси чӣ интихоб ва соҳиби ҷозиа мешаванд. Тоҷикфилм ҳамчунин низомномаи ин ҷоизаро низ пешниҳод накардааст, ки дар кадом бахшҳо дода мешаванд.
Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки арзиши ин ҷоиза чӣ қадар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста