Анҷумани рӯзноманигорони “Медиа – Алянси Тоҷикистон” миёни довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои ҳарсолааш, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии баён тақдим мешаванд, озмунро эълон кард. Ин озмун, имсол миёни рӯзноманигорону блогнависон барои дарёфти ҷоизаҳои “Касбияти журналистӣ”, “Ҷасорати журналистӣ” ва “Тадқиқоти журналистӣ” эълон шудааст. 

Дар ин бора роҳбари МАТ Абдумалик Қодиров ба “Азия - Плюс” хабар дод.

Раиси МАТ гуфт, ки барои дарёфти ҷоизаҳо маводе пазируфта мешаванд, ки аз 1 майи соли  2021 то  25 апрели соли 2022 дар расонаҳои Тоҷикистон ва берун аз он ба нашр расидаанду масоили доғи Тоҷикистонро инъикос намудаанд.

Аз МАТ гуфтанд, ки ғолибонро комиссияи вижаи иборат аз намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналмилалии мададрасони ВАО муайян менамояд. Ҷоизаҳо аз диплом ва маблағгузории эҳтимолӣ иборат буда, барои дарёфти онҳо ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад: як журналист метавонанд якчанд маротиба ин ҷоизаро соҳиб шавад.

- Довталабон метавонанд танҳо як маводи (чопӣ, онлайнӣ, радио \ телевизионӣ) худро ҳамроҳ бо маълумоти мухтасар дар бораи худ (CV) то 25 апрели соли 2022 тариқи почтаи электронии [email protected] (скани маводи чопӣ; пайванд ё худ линки маводи онлайнӣ; пайванд ё худ линки маводи радио\телевизионӣ дар YouTube ё Google Drive) супоранд. Ҳангоми пешниҳоди мавод дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ё сархати мактуби электронӣ номи озмунро ҳатман зикр карда шавад, - афзуд. Абдумалик Қодиров.

Гуфта мешавад, ки ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ба номи Отахон Латифӣ ба хотири зинда нигаҳ доштани номи журналист ва сиёсатмадори бузурги тоҷик Отахон Латифӣ таъсис дода шуда, он ба журналистоне дода мешавад, ки  касбияти баланди журналистӣ доранд, масоили доғи рӯзро инъикос мекунанд, ба ҳалли мушкилоти мардуми оддӣ мусоидат менамоянд, аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд ва дар расидан ба адолати иҷтимоӣ саҳм мегузоранд ва дар рушди журналистикаи касбӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар тарбияи журналистони ҷавон, хидмати арзанда намудаанд.

Ҳамин тариқ, ҷоизаи “Ҷасорати журналистӣ” ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба хотири зинда нигаҳ доштани номи журналисти шаҳири тоҷик, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Мазҳабшо Муҳаббатшоев таъсис дода шуда, ба журналистоне тақдим мегардад, ки мавқеи хоси шаҳрвандӣ доранд, ҳангоми инъикоси масоили доғи рӯз ҷасорати хоси журналистӣ нишон медиҳанд ва барои расидан ба адолати иҷтимоӣ саҳмгузорӣ мекунанд, ҳангоми таҳия ва нашри мавод меъёрҳои этикаи журналистӣ ва стандартҳои байналмилалии журналистикаро - беғаразӣ ва бетарафӣ, мувозинати раъйҳо, ростқавлӣ ва дақиқият риоя мекунанд.

Ҷоизаи МАТ- и “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи Ҷумъабой Толибов буда, он ба журналистоне дода мешавад, ки  дар мавзӯҳои доғи ҷомеаи имрӯза таҳқиқоти журналистӣ гузаронида онро нашр кардааст ва ба ин васила дар роҳи мубориза бо коррупсия ва дигар аъмоли номатлуб ҷасорати журналистӣ нишон додааст,  дар рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар тарбияи насли нави журналистони таҳқиқотчӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.