Вазорати корҳои дохилии Русия тасмим гирифтааст, ки фаъолияти Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ин ниҳодро дар қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монад.

Муовини якуми директори КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД Русия Сергей Куликов изҳор доштааст, ки “кушодани филиали корхона дар Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шавад”, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Вохӯрии Шаҳноза Нодирӣ ва Сергей Куликов
Сурат: Вазорати меҳнати ҶТ

“Баъди ворид гардидан ба қаламрави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай соҳиби иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ буда, метавонанд ҳамон замон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намоянд”, - иброз доштааст ӯ зимни мулоқот бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.

Гуфта мешавад, ҳамзамон шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки пеш аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузашта, бо шароити кории корфармо, қарордоди меҳнатӣ, музди меҳнати худ огоҳ гарданд ва пас аз муайян намудан бе миёнарав, бо музди меҳнати нисбатан зиёдтар ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ сафар намоянд.

Сергей Куликов дар мулоқоти мазкур ҳамчунин  изҳор доштааст, ки дар ҳолати ҷонибдорӣ гардидани пешниҳод вобаста ба содда гардонидани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, омодаанд, ки бо гурӯҳи кории  КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид» -и ВКД  Русия ба Тоҷикистон сафар намояд.

Хотиррасон мешавад, ки  дар доираи сафарӣ корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург Шаҳноза Нодирӣ 18 март бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони меҳнатӣ бо муовини якуми директори КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД Русия Сергей Куликов мулоқот намуд.

КВФ «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД Русия ба таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳои бахши муҳоҷират машғул буда, дар баробари шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург дар 57 субъекти Русия фаъолият мекунад.

Сурат: Вазорати меҳнати ҶТ

Дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград филиалҳои корхона амал мекунанд. Ин ниҳод ба қабули зиёда аз 1500 шаҳрвандони хориҷӣ дар як шабонарӯз имкон дорад. Корхона дар хориҷа низ дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо як қатор кишварҳои ИДМ намояндагиҳои худро боз намуда, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Русия иҷозатнома медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.