Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз мегардад, гуфта шуд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои кишвар.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҷаласа изҳор дошт, ки тибқи далелҳои илмӣ, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел фаро мерасад.
Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста