Аз 30 март то 1 апрели соли 2022 дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус баргузор мегардад, ки алоқамандони синамо метавонанд, филмҳои истеҳсоли Беларусро дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамошо кунанд. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки расман Рӯзҳои кинои Белорус 31 марти соли 2022 ифтитоҳ гардида, рӯзи 30 март соати 14:00 дар робита ба баргузории он дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Рӯйхати намоиши филмҳои истеҳсоли Беларус дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон дар шарҳу навоҳи кишвар аз 30 март то 1 апрели соли 2022:
30.03.2022, соати 10:00, ноҳияи Файзобод, кинотеатри «Рӯдакӣ», филми «Замони ҷанг одам будан»;
31.03.2022, соати 19:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Наврӯз», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;
31.03.2022, соати 10:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Ватан», филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;
31.03.2022 соати 10:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанг, фалми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;
01.04.2022, соати 15:00, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Қасри ҷавонон филми «Арвоҳи Киндервил»;
31.03.2022 соати 10:00, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ш. Хорӯғ, Театри вилоятӣ, филми «Қисмати тахрибкор»;
31.03.2022 соати 10:00, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кинотеатри Лоҳутӣ, филми «Қисмати тахрибкор»;
01.04.2022, соати 11:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, филми «Арвоҳи Киндервил»
01.04.2022, соати 15:00, шаҳри Душанбе, кинотеатри «Зебуннисо» филми «Қисмати тахрибкор»
01.04.2022, соати 14:00, шаҳри Ҳисор, Қасри фарҳанг, филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич».
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста