Имрӯз, 1-уми апрел дар Душанбе телевизиони давлатии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ки қарори таъсисёбиаш соли гузашта аз ҷониби ҳукумати кишвар ба имзо раисда буд, ба фаъолият оғоз намуд.
Қарори таъсиси ин телевизион якҷой бо телевизиони “Илм ва табиат”, ки аллакай фаъол аст, аз сӯйи расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.
Моҳи ноябри соли гузашта Амирзода Дилафрӯз, ки қабалан директори телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” буд, мудири Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъйин гардид.
Телевизиони навтаъсис соҳавӣ буда, аз бурду бохти соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барномаҳо нашр мекунанд. Қарори таъсисёбии он аз сӯйи ҳукумати кишвар 30 июни соли 2021 ба имзо расид ва шабакаи нав бо назардошти ҳайати хизматрасони техникӣ 143 воҳиди корӣ дорад.
Шабака дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.
Таъсиси боз як телевизиони нав дар кишвар, дар ҳолест, ки чанд соли охир дар бораи мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар дар доираҳои касбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо зиёд аст. Хоса, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва муҳтавои пасти барномаҳои он мегӯянд.
Дар ҳамин ҳол бархеи дигар таъсиси онро афзоиши шумораи корӣ барои журналистон ва аз васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва дониши мардум мегӯянд. Ин дар ҳолест, ки барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон телевизион манбаи асосии иттилоот боқӣ мемонад.
Ба иттилои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон айни замон дар кишвар 13 шабакаи телевизионии давлатӣ (8 шабакаи умумиҷумҳурӣ ва 5-то маҳаллӣ) ва 33 шабакаи хусусӣ фаъолият мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста