Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ки бо изҳороти тезутундаш дар Тоҷикистон маъруф буд, имрӯз 6 апрел дар синни 75-солагӣ дар пайи беморие дар шаҳри Маскав даргузашт. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Володин Вячеслав дар телеграм-канали худ хабар додааст.
"Владимир Волфович Жириновский пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ даргузашт", - навиштааст Володин.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 25 март расонаҳо дар бораи марги раҳбари ҲЛДР, ки пас аз мубтало шудан ба коронавирус аз моҳи феврал дар Бемористони марказии клиникӣ бистарӣ буд, иштибоҳан хабар дода буданд.
Владимир Жириновский сиёсатмадорест, ки бо изҳороти пурсарусадояш маъруф аст. Моҳи марти соли равон ӯ эълон дошт, ки раҳбари Русия шуда, соли 2036 сиёсатро тарк мекунад, лекин то он замон Озарбойҷон ва Тоҷикистонро ба ҳайати Русия дохил мекунад.
Моҳи марти соли 2018 ӯ ба нашрияи “Российская газета” изҳор намуда буд, ки “барои интихобот комиссияҳову аъзои онҳо, нозирон ва нашри варақаҳо бо харҷи миллиардҳо маблағ лозим нестанд ва интихобот бояд бо иштироки Шӯрои давлатӣ ва шаҳрвандон бо роҳи овоздиҳӣ тариқи интернет доир гардад. Оянда Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба кишвар ҳамроҳ мешаванд”.
Моҳи апрели соли 2016 Жириновский ба нашрияи “Известия” изҳор намуда буд, ки “ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар Русия осон аст: барои ин на маҳсулоти Юнону Италия ва Исроилу боз дигар кишварҳо, балки маҳсулоти онҳоро харидан даркор аст ва онҳо дигар ба ин кишвар наомада, дар ватани худашон кор мекунанд”.
Изҳороти Жириновский ба нашрияи “Московская правда” моҳи феврали соли 2014: “Ҳеҷ гуна ҷумҳуриҳо дар Осиёи Миёна. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна – шаҳри асосӣ Верний (Содиқ)! Имрӯз номи он бегона аст, Алмаато – шаҳри наздик ба ман аст. Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон... инҳоро фикр карда баровардаанд. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна!”.
Жириновский чанд маротиба ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ бори охир моҳи ноябри соли 2018 ба Тоҷикистон омада, аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ба ҳайрат омада буд. Он замон акси ӯ дар ҳалқаи духтарони тоҷик баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хезонда буд.
Владимир Жириновский 25 апрели 1946 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1992 инҷониб раиси Ҳизби либерал-демократии Русия буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста