Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои қабули директор ва омӯзгори фанҳои дарсӣ дар мактабҳои муштараки Россияву Тоҷикистон озмун эълон намудааст. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ташкил шудаанд ва дар онҳо бо стандарт ва барномаҳои таълимии Русияву Тоҷикистон дарс мегузаранд. Дар ин бора Маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар дод.
Манбаъ гуфт, ки дар маҷмӯъ, дар ҳар як муассиса 77 омӯзгор қабул шуда, дар ҳар муассиса тибқи фанҳои нақшаи таълим омӯзгорон қабул карда мешавад.
Аз вазорат иттилоъ доданд, ки маоши ин омӯзгорон аз ҷониби Русия пардохт мешавад.
- Дар ҳамин ҳол, дарсҳо дар асоси стандарт ва барномаҳои таълимии Россия ва Тоҷикистон мегузаранд. Қариб барои ҳамаи фанҳо омӯзгор меҷӯем, - гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.
Дар эълоне, ки барои қабули директорон ва омӯзгорон ба ин мактабҳо нашр шудааст, омадааст, ки довталабон бояд, шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистонро дошта бошанд ва таърих ва фарҳанги халқҳои ду кишварро донанд.
- Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода пешниҳод намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2022 давом мекунад, омадааст дар эълони вазорат.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Русия охири моҳи ноябри соли гузашта дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон миёни ӯ, вазири собиқи маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ба имзо расида буд.
Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли Алексей Оверчук навишта буд, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.
Ба ғайр аз ин, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода дар вохӯрӣ бо Алексей Оверчук гуфта буд, ки соли панҷум аст вазорати маорифи Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодаанд.
- Имрӯз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои гуногун ба хонандагон таълим медиҳанд, - гуфта буд вазири собиқи маорифи Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста