Ташкилоти ҷамъиятии "Сабо" дар ҳамкорӣ бо бархе аз созмонҳои хайриявии хориҷӣ дар моҳи рамазон ба 580 хонавода дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Душанбе дар моҳи рамазон ёриҳои иборат аз бастаҳои ғизоӣ расонид.
Маросими тақдими бастаҳои ғизоӣ дар шаҳри Душанбе ба хонаводаҳои ниёзманд субҳи 8-уми апрел сурат гирифт, ки ба 21 хонаводаи паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ёрӣ расонида шуд.
Ҷамшеди Сафаралӣ, раиси ташкилоти "Сабо" ба "Азия-Плюс" гуфт, ки онҳо ба 300 хонавода дар Ховалинг аз ҳисоби худи созмон бастаҳои ғизоӣ расониданд, ки ҳаркадом ҳудуди 30 доллари амрикоӣ арзиш дошт. Орд, равған ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ шомили ин бастаҳои ғизоӣ мешуд.
"Дар Ховалинг ба 300 хонавода аз ҳисоби худи созмон ёрӣ расонидем. Ҳоло ба 280 хонаводаи ниёзманд дар Душанбе муштаракан бо созмони хайриявии "Ҳамёриҳои башарии туркӣ" (IHH) расонидем",-гуфт Ҷамшеди Сафаралӣ.
Созмони "Сабо" аз соли 2017 ба ин сӯ, дар ҳамдасти бо созмонҳои хайриявии дохиливу хориҷӣ ба хонаводаҳои ниёзманд дар тамоми гӯшаву канори кишвар ёрӣ мерасонад ва дар назар аст, ки то охири моҳи рамазон ба 700 хонаводаи дигар бастаҳои ғизоӣ бирасонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста