Бори нахуст тайи се соли ахир Арабистони Саудӣ ба адои маросими ҳаҷ ба зойирин аз хориҷи кишвар иҷоза дода, шумори онҳоро то 1 млн нафар зиёд кард. Дар Тоҷикистон ҳоло масъалаи ба ҳаҷ фиристодаи зойирин баррасӣ намешавад, зеро то ҳанӯз аз кишвари қабулкунанда даъватномаи расмӣ нарасидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон.

“Мо аз Арабистони Саудӣ то ҳол даъватномаи расмӣ нагирифтаем, аз ин рӯ, масъалаи фиристодани зойирин мавриди баррасӣ қарор надорад, зеро намедонем, ки ба кишвари мо чӣ қадар квота ҷудо мешавад, - мегӯяд сухангӯи Кумита Афшин Муқим. - Вақте ки даъватнома ба дастамон расид, сипас масъалаи фиристодани зойиринро баррасӣ мекунем”.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дастрас шудани даъватномаи расмӣ, зойирине ба адои маросим ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд, ки аз соли 2019 дар навбат қарор доранд.

“Бо назардошти рӯйхати зойирин аз соли 2019 иборат аз 5 ҳазор нафар аз шаҳру навоҳии кишвар, имсол рӯйхати нав тартиб дода намешавад. Онҳо бояд ҳанӯз соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ фиристода мешуданд, лекин бо сабаби маҳдудиятҳои марбут ба коронавиру, сафар карда натавонистанд. Дар навбати аввал онҳо фиристода мешаванд”, - изҳор дошт Афшин Муқим.

Сухангӯи Кумита зикр кард, ки арзиши адои маросими ҳаҷи имсола низ ҳоло маълум набуда, пас аз гирифтани даъватнома муқаррар карда мешавад.

“Давоми 10 соли ахир нархи ҳаҷ бо пардохти доллар тағйир наёфта, аз 3 ҳазору 700 то 3 ҳазору 720 долларро ташкил медод. Мувофиқи қурби мубодила бо сомонӣ ин маблағ ҳамасола боло мерафт. Соли 2019 адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ нарх дошт”, - илова намуда Афшин Муқим.

Ёдрас мекунем, ки тибқи хабари Агентии Саудӣ оид ба нашр бо истинод ба Вазорати ҳаҷ ва умра, имсол ба адои маросими ҳаҷ ба шахсони то 65-сола, ки аз коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза шуд. Ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ ҳаҷ барои зойирини берун аз қаламрави шоҳигариро бекор карда, инчунин шумори онҳоро то 1 ҳазор нафар кам кард. Соли гузашта ин шумор то 60 ҳазор афзуда, лекин барои зойирини кишварҳои хориҷӣ боз адои маросими ҳаҷ манъ шуд.

Қобили зикр аст, ки  соли 2016 дар Тоҷикистон бобати ба квотаи сафари ҳаҷ дохил накардани шахсони синнашон поинтар аз 40-сола қарор қабул шуд. Кумитаи дин ба ин васила масъалаи навбатпойии хеле зиёд барои адои маросими ҳаҷро ҳал карданӣ буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.