Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои театри вилоятии лухтак – “Афсона” тахриб ва ба ҷойи он бинои баландошёни маскунӣ сохта мешавад.
Дар ин бора мудири театр Хайрулло Давлатов, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод ва навиштааст, ки атрофи бинояшонро чапарбандӣ карда, барои тахриб карданаш омодагӣ гирифта истодаанд.
Дар шаҳрдории Бохтар ба “Азия-Плюс” бо таъйиди тахриб кардани бинои театр гуфтанд, ки ба ҷойи он хонаи баландошёна сохта мешавад.
Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфт, ки мувофиқи нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассал дар маркази шаҳр 25 гектар замин барои сохтмон пешбинӣ шудааст. Ин сохтмонҳо асосан дар кӯчаи Садриддин Айни сурат мегиранд. Дар ҷойи театр ширкати сохтмонии “Ориён сохтмон” бинои 16-қабата хоҳад сохт.
Ин дар ҳолест, ки сарнавишти театри лӯхтаки “Афсона” то ба имрӯз норӯшан аст, ки ба куҷо кӯчонда мешавад.
Ин бино, қаблан бинои театри вилоятии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар буд. Соли 2015 баъди бунёди бинои нави театр, дар бино театри лӯхтак, МД “Хатлонсинамо”, Шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии вилоят, маҷалаи “Меҳровар” ҷой карда шуданд. Аз ин ба баъд тақдири ин муассисаҳо низ номаълум боқӣ мондааст.
Танҳо мудири шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода хабар дод, ки онҳо аз қабл омодагӣ гирифта буданд ва бинои собиқи Раёсати фарҳанги вилоятро дар маҳаллаи "Хатлон" таъмир кардааанд ва ба он ҷо мекӯчанд.
Дар ҳоли ҳозир, сохтмончиён алакай ба корҳои тунукабандии атрофи бинои театр шуруъ кардаанд ва рӯзҳои наздик ба тахриб кардани бино оғоз хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин хабарҳо бар бораи тахриб кардани кардани Кохи "Ватан" дар маркази вилоят низ мерасанд. Кохи "Ватан" дар гузашта бо номи кинотеатри “Ватан” машҳур буд.
Дар шаҳрдории Бохтар гуфтанд, ки як соҳибкор бо ҳукумати вилоят шартномаи сетарафа ба имзо расонидаанд. Мувофиқи ваъдаи соҳибкор дар инҷо як маҷмаъаи хизматрасонии бузург, аз ҷумла меҳмонхона сохта мешавад. Кохи "Ватан" дар байни ин маҷмаъа ба таври замонавӣ аз нав сохта мешавад.
Дар ин бино низ, дар ҳоли ҳозир чандин дастаҳои Раёсати фарҳанг фаъолият мекарданд, ки акнун ба таҳхонаи қасри фарҳанги шаҳри Бохтар кӯч бастаанд.

Бояд гуфт, ки бинои театри лухтак солҳои 1940 сохта шудааст, ки дар гузашта ба унвони ҳамчун хонаи пионерон, баъдан қасри фарҳанг ва пасонтар ба ихтиёри Театри мусиқавию мазҳакавии вилоят супурда шуда буд.
Дар ҳоле, ки ин хабар барои нашр омода мешуд, Хайрулло Давлатов хабар дод, ки театри лӯхтакро пешниҳод кардаанд, ки ба таҳхонаи бинои нави театри мусиқи мазҳакавии Ато Муҳаммадҷонов бикӯчонанд.
Дар Тоҷикистон бори нахуст нест, ки биноҳои фарҳангию таърихӣ ба хотири сохтмони биноҳои баландошёна тахриб мешаванд. Қаблан ин "анъана" дар шаҳри Душанбе роиҷ шуд, ҳамакунун ба Хатлон низ расид.
Фарҳангиён ва рӯшанфикрон барои ин кор борҳо ҳукуматҳои маҳалро интиқод кардаанд. Аз ҷумла соли гузашта шаҳрдории Душанбе ният дошт Хонаи адабӣ ё хона-музейи Айниро дар Душанбе тахриб кунад, ки зери фишори фарҳангиёни фаъолони ҷамъиятӣ аз тахриби он даст бардошт.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста