Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 52 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 (ҳудуди 13 млн доллар) ин миқдор 4 баробар зиёд аст.
Дар семоҳаи аввали имсол кумаки башардӯстона бо вазни умумии 4,9 тонна аз 44 кишвар ба Тоҷикистон ворид шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он дар ҳаҷми 4,1 тонна аз 39 кишвар фиристода шуда буд.
Дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи давоми моҳҳои январ-марти имсол ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 40%-аш ба ИМА ва 37-аш ба Чин рост меояд. Арзиши кумаки расида аз ИМА зиёда аз 20 млн доллар ва аз Чин - наздики 19 млн долларро ташкил медиҳад.
Байни кишварҳои мададрасон аз рӯи арзиши кумак инчунин Ҷопон (7,2% аз ҳаҷми умумии арзиш), Ҳиндустон (4,8%), Ӯзбекистон (2,7%), Русия (2,1%), Дания (1,7%), Туркия (1%) ҳиссаи нисбатан зиёд доранд. Ҳиссаи боқимонда 36 кишвари мададрасон ба камтар аз 1% баробар аст.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста