Шумори хатсайрҳои ҳавоии мунтазами мусофирбар байни Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёд мешавад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи гражданӣ.
Ба ин тариқ, аз 25 апрел ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон зиёд кардани шумори хатсайрҳоро аз Душанбе ба Алмато аз 1 то 2 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи Боинг-737 ба нақша гирифтааст.
Гуфта мешавад, ширкати “Эйр Астана”-и Қазоқистон аз 1 май зиёд кардани хатсайрҳоро байни Душанбе ва Алмато аз 1 то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн - аз 3 то 4 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи А320 пешбинӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, шумори умумии парвозҳо байни кишварҳo ба 6 хатсайр дар як ҳафта мерасад.
Парвозҳо бо риояи қатъии талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали хатсайрҳои дар сомонаҳои ширкатҳо нашршуда анҷом дода мешаванд.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз 29 апрели соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Белавиа”-и Беларус ба нақша гирифтааст, ки шумори хатсайрҳои байнулмилалиро аз Минск ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмато зиёд кунад. Зиёд кардани хатсайрҳо бо масири Минск-Нур-Султон аз 5 то 7 парвоз ва самти Минск-Алмато - аз 3 то 7 парвоз пешбинӣ шудааст.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста