Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе Фестивали дуюми бодбаракҳоро таҳти унвони «OSMONI DUSHANBE - 2022» баргузор мекунад.
Фестивали якуми мо дар соли 2018 ба иди ҳақиқии оилавӣ табдил ёфта, давоми панҷ соат дар он ҳудуди 20 000 сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд.
Як сайругашти бошукуҳи оилавӣ сурат гирифт: бачаҳо бодбаракҳоро ба ҳаво сар додаву рақсу бозӣ карданду яхмос хӯрданд, волидон бошанд, рӯйи алаф истироҳат карда, фарзандони шоду хурсанди худро тамошо мекарданд.
Он ҷашнро ба душанбегиҳо дар ҳамдастӣ бо “Азия-Плюс” ширкатҳои бузургтарини ватании “Оби зулол” ва RC-Сola, оператори мобилии Tcell, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ширкати дорусозии “Гедеон Рихтер” тақдим намуданд. Бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ мекунем.
“Мутаассифона, пандемия муддати тӯлонӣ ба мо имкон надод, ки ин идро баргузор кунем лекин имсол тасмим гирифтем, анъанаи қадимаи тоҷикии “бодбарак”-ро дубора эҳё намуда, бори дигар табъи сокинону меҳмонони пойтахтро болида гардонем”, - мегӯяд директори радиои “Азия-Плюс” Манижа Аҳмедова.
Меҳмонони фестивалро ид барои аҳли оила интизор аст: машғулиятҳо оид ба сохтан ва ба фазо сар додани бодбаракҳо, шоу-барнома аз Радиои “Азия-Плюс”, озмунҳои шавқовару ҷоизаҳо, мусиқии идона, хӯрокҳои болаззату нӯшокиҳо, хаймаҳо бо туҳфаҳо ва маснуоти ҳунармандону косибони миллӣ.
Даромадан ба ҷашн - БЕПУЛ АСТ. Бодбаракҳоро бо нархи рамзӣ мустақиман дар чорабинӣ дастрас кардан мумкин аст.
Ҷойи баргузорӣ: боғи Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, назди шаршара.
Рӯз ва вақти баргузорӣ: 21 май, аз соати 10:00 то 16:00.
Маълумот барои шарикони тиҷоратӣ:
Агар шумо шарики Фестивали Kite Fest «OSMONI DUSHANBE 2022» шуданӣ бошед, бо рақами +992 93 977 77 78 ба мо занг занед.
Навори мухтасари видеоӣ дар бораи чӣ гуна баргузор шудани Фестивали якуми мо:
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста