Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоиро байни Душанбе ва Боку роҳандозӣ кардан мехоҳанд, изҳор доштааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар.
“Барои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Фикр мекунам, кушода шудани хатсайри мустақим ба зиёд кардани гардиши молу маҳсулот имкон медиҳад”, - овардааст гуфтаҳои сафирро хабаргузории озарбойҷонии Trend.az.
Сафир ҳамчунин зикр кардааст, ки мардуми Озарбойҷон ва Тоҷикистон арзишҳои муштараки фарҳангӣ доранд.

“Муносибатҳои байни кишварҳои мо решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Муносибатҳои наздик миёни раҳбарони ду кишвар дар рушди робитаҳои байнидавлатӣ саҳми муҳим доранд”.
Дар ҳамин ҳол, дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки барқарор шудани хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку-Душанбе имконпазир аст, зеро байни кишварҳо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст.
“Барои барқарор кардани хатсайри ҳавоии доимӣ байни кишварҳо ҳама асноди зарурӣ мавҷуд аст. Агар ширкатҳои ҳавопаймоии Озарбойҷон ба анҷоми парвозҳо таваҷҷуҳ дошта бошанд, мо ба иҷозаи парвоз бо ин хатсайр ҳафтае ду маротиба омодаем”, - изҳор доштанд дар Агентӣ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки қаблан ширкати “Тоҷик Эйр” бо ин хатсайр парвозҳо анҷом медод, лекин бо сабаби талаботи начандон зиёди мусофирон ба он, парвозҳо қатъ шуданд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста